Июн 26, 2019 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба Вашингтон дар бораи авоқиби иҷрои фишор бар Теҳрон

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияи шадидулаҳне, иқдомоти таҳрикомез ва сиёсати Амрикоро дар бархурд бо Эрон ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Тос, Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияе эълом кард, мақомоти Маскав ба шиддат нигарон ҳастанд, Амрико бештар аз як сол аст, ки дар паи афзоиши танишҳо пайромуни Эрон буда ва иттиҳомоти бидуни поя ва асосеро ба ин кишвар ворид карда ва ба таври якҷониба аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хориҷ шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия афзуд, Вашингтон ба таври мураттаб иҷрои фишорҳои таҳримии густардаеро алайҳи Эрон дар пеш гирифта  ва ба иқдомоти таҳрикомез аз ҷумла низомӣ, пардохтааст ва аз мақомоти Теҳрон тақозо карда то ба созиши бепоя ва асосе аз ҷумла чашмпушӣ аз манофеи қонунии Эрон дар арсаи байналмиллалӣ даст бизанад.

Дар ин баёния омадааст, Вашингтон бо иҷрои таҳримҳои шахсӣ алайҳи мақомоти баландпоя ва раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар ҳақиқат тамомии пулҳо, ки мумкин буд ба имкони гуфтугӯ бо Теҳрон биянҷомадро ба оташ кашидааст.

Ин ниҳоди рус таъкид кард, ончи ки пеши руи мо қарор дорад талоши доимии Амрико барои дикта кардани хосту иродаи худ бар дигар кишварҳои ҷаҳон аст. Мақомоти Вашингтон худро як қозии ҷаҳонӣ тасаввур мекунанд, ки метавонанд сиёсати таҳоҷумии худро иҷро карда ва ҳар касе, ки дар муқобили дектатории Амрико сархам накунадро танбиҳ кунанд.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ (8 майи 2018) корзории ҳамаҷониба барои иҷроии фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст. Давлати Трамп дар тозатарин иқдоми зиддиэронии худ Дафтари раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ва 8 нафар аз мақомоти баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таҳрим кардааст.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

Барчасп