Тоҷикистон ва ниёз ба бандари Чобаҳори Эрон
Тоҷикистон солҳо аст, ки хостори истифода аз бандари Чобаҳор барои иртибот бо бозорҳои хориҷӣ аст ва бо масдуд шудани роҳи нақл ва интиқолоти ин кишвар аз тариқи Туркманистон ва ҳамчунин ба сарфа ва амн набудани масирҳои дигар ҳамчун Афғонистон, ниёзи Душанбе ба тараддуд аз тариқи бандари Чобаҳор беш аз пеш афзоиш ёфтааст.
Бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон дар ояндаи на чандон дур ба макони муҳимме барои интиқоли борҳои Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ табдил хоҳад шуд. Душанбе солҳо аст, ки хостаи худро барои баҳрабардорӣ аз ин бандар матраҳ мекунад ва дар сафари ахири раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон низ, ки 15 июн анҷом шуд дар ин бора гуфтугӯ шуд.
Ба гуфтаи коршиносон, бандари Чобаҳор метавонад роҳе арзон барои интиқоли бори Тоҷикистон бошад. Вале мушкиле, ки дар ин замина вуҷуд дорад, убури мошинҳои борбарӣ аст, ки бояд аз Туркманистон бигузаранд то ба Эрон бирасанд.
Ашқобод аз моҳи августи соли гузашта, ду бор бо тасмимоти якҷонибаи худ, роҳи мошин ва қаторҳои борбарии Тоҷикистонро баст ва токунун ин роҳ барои мошинҳои Тоҷикистон бастааст. Пас аз он бархе ширкатҳои борбарӣ роҳи худро тағйир дода ва борҳои худро тавассути Қазоқистон ва дарёи Хазар то Озарбойҷон ва бархе дигар тавассути Афғонистон, ба Эрон расонданд.
Ба гуфтаи ронандагоне, ки дар ин масир фаъолият доранд, роҳи Қазоқистон дар муқоиса бо Туркманистон бисёр тӯлонӣ ва роҳи Афғонистон низ пурхатар аст.
Ба гуфтаи раиси ширкати борбарии Гулобали Тоҷикистон, пас аз баста шудани масирҳо тавассути Туркманистон, ҳаҷми интиқоли борҳо камтар ва арзиши онҳо ба далели тӯлонӣ шудани роҳ, ду баробар гирон шудааст. Ин мошинҳо пештар як бор дар моҳ фаъолият доштанд, ки дар ҳоли ҳозир ба ду бор дар сол коҳиш ёфтааст.
Як мутахассиси васоили нақлияи тоҷикӣ мегӯяд, ки истифода аз бандари Чобаҳор дар ҳавзаи тавофуқномаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфта яке аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, фаъолияти сохти истгоҳҳои вижа барои худравҳои борбарии Тоҷикистон дар чаҳор марҳала анҷом мешавад ва дар ҳоли ҳозир бо суръат ҷараён дорад ва ба эҳтимоли зиёд, тайи чанд соли оянда ба баҳрабардорӣ бирасанд. Ба гуфтаи ин расона, агар бихоҳем аз роҳҳои Туркманистон убур накунем бояд аз тариқи шаҳри Қундӯз ба Мазор Шариф рафта ва аз онҷо ба Андхуӣ, Ҳирот ва баъд ба Машҳад ва аз онҷо ба самти Чобаҳор биравем. Ин кӯтоҳтарин роҳ аст, ки ҳудуди 2 ҳазор километр масофати он аст. Замоне, ки Туркманистон масири худро бар рӯи худрав ва қаторҳо баст, Душанбе пешниҳоди убур аз Ҳирот ва Афғонистонро матраҳ кард, аммо ба далели набуди амният дар ин масир, истифода аз он лағв шуд.
Бандари Чобаҳор бахши муҳимме барои нақл ва интиқолоти шимол ва ҷануб аст, ки соли 2000 милодӣ аз сӯи Русия, Ҳинд ва Эрон ба имзо расид.
Ба гуфтаи коршиносон бандари Чобаҳор дар ояндае на чандон дур, қутби бузурги иқтисоди кишвар мешавад. Иттисоли мустақим ба обҳои озод ва қарор доштан дар хориҷ аз Халиҷи Форс осебпазирии ин минтақаро дар мавоқеъи бурузи буҳрон коҳиш медиҳад. Аз сӯи дигар мавқеияти роҳбурдии ин бандар боис шуда, ки як гузаргоҳи иртиботӣ байни кишварҳои Осиёи Миёна ва соири кишварҳои ҷаҳон бошад.
Апрели имсол Alice Wells, муовини вазири хориҷаи Амрико дар ҷануби Осиё зимни таъйиди адами қароргирии бандари Чобаҳор дар феҳрасти таҳримҳои Амрико, аз аҳаммияти ин бандар барои кишварҳое назири Афғонистон ва Ҳинд парда бардошт. Вай мӯътақид аст, ин бандар метавонад роҳе барои тиҷорати миллиондолларии Афғонистон бошад, ки ҳамзамон бо поёни вобастагии ин кишвар ба бандари Карочии Покистон аст. Ҳарчанд Амрико адами таҳрими Чобаҳорро ба далели кумак ба кишварҳое монанди Афғонистон матраҳ мекунад, аммо дастрасии осони Ҳинд аз тариқи Чобаҳор ба Осиёи Миёна, муҳиммтарин далеле аст, ки амрикоиҳоро ба фикри адами таҳрими ин бандар ва албатта афзоиши нуфузи Ҳинд дар замоне, ки Чин машғули музокира барои ҷанги тиҷорӣ аст, андохт.