Июн 26, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Музокира - фиреби Амрико барои тазъифи иқтидори миллати Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи аслии пешниҳоди Амрико барои музокираро “халъи силоҳи миллат ва ҳазфи авомили иқтидори Эрон” унвон карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори раис, масъулон ва ҷамъе аз қозиён ва коркунони қувваи қазоияи Эрон, пешниҳоди музокираи Амрикоро як фиреб хонданд ва афзуданд: “Амрикоиҳо акнун бо ваҳшат аз авомили иқтидори миллати Эрон, метарсанд пеш биёянд, бинобарин мехоҳанд бо музокира, ин аслиҳа ва омили иқтидорро аз дасти Эрон бигиранд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, иттиҳомот, иҳонатҳо ва дашномҳои шариртарин ҳукумати ҷаҳон, яъне Амрико ба миллати Эронро ёдовар шуданд ва гуфтанд: “Манфуртарин ва хабистарин давлати ҷаҳон, ки омили ҷанг, тафриқа, чаповул ва ғорати кишварҳо ва миллатҳост, миллати шарифи Эронро ҳар рӯз ҳадафи носазо ва иттиҳом қарор медиҳад, аммо мардуми Эрон аз ин аъмоли зишти Амрико ҷо намехӯранд ва ақиб наменишинанд.”

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҳримҳои Амрикоро зулми бориз ба миллати Эрон хонданд ва фармуданд, дар чаҳор даҳаи ахир, талфиқи ҳувияти эронӣ бо хусусиёти исломӣ муҷиб шудааст, фишорҳои зӯргуёни ҷаҳонӣ таъсире дар раванди ҳаракати миллат надошта бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, миллати мазлум, аммо дар айни ҳол муқтадири Эрон ба фазли илоҳӣ ҳамчунон мисли кӯҳ меистад ва бо қувват ба ҳаракати худ идома медиҳад ва ба ҳамаи мақсадҳои мавриди назараш даст меёбад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳузури ҳамешагӣ дар роҳпаймоиҳои 22 - и баҳман ва рӯзи ҷаҳонии Қудс ва ҳамчунин ширкат дар интихоботи зиёдеро нишонаи азму иродаи таҳсинбарангези миллат донистанд ва афзуданд, авохири имсол низ бо вуҷуди тардидафкании бархеҳо, мардум дар интихоботи маҷлис бо шӯру шавқ ширкат мекунанд ва азамати худро нишон медиҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба сӯиистифодаи амрикоиҳо аз абзори ҳуқуқи башар, хитоб ба мақомоти ин кишвар гуфтанд: “Шумо ҳудуди 300 мусофири бегуноҳро дар осмон мекушед, бо кумак ба саудиҳо дар Яман ҷиноёти мукаррар мекунед, он вақт аз ҳуқуқи башар дам мезанед”.