Июн 26, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ба дунболи ҷанг дар минтақа нест

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ба дунболи ҷанг ва даргирӣ дар минтақа нест, аммо иҷозаи таҷовуз ба марзҳои худро ҳам ба душманон намедиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико ба обҳои сарзаминии Эрон гуфт, агар душмане ба марзҳои Эрон таҷовуз кунад, аз хатти қирмизҳои ҷумҳурии исломӣ убур кардааст ва Эрон посухи муҳкаме ба ин ҳаракатҳо медиҳад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки як сомонаи комилан эронӣ ПАҲПОД-и ҷосусии Амрикоро сарнагун кард афзуд, Эрон дар илм, дониш, фанноварӣ, санъат, дар бахши низомӣ ва ғайринизомӣ пешрафтҳои хубе кардааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ба сиёсатҳои зиддиэронии давлати Амрико ишора кард ва гуфт, ин рӯзҳо Кохи Сафед сардаргум шуда ва суханону ҳарфҳои мақомоти он нораво ва музҳик аст.

Рӯҳонӣ бо ишора ба иддаои раисҷумҳури Амрико дар хусуси нигаронӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ тасреҳ кард, агар Трамп нигарони дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст, чаро дар бораи режими ғосиби Исроил, ки ин ҳама силоҳи атомӣ дорад, сукут кардааст?

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Теҳрон бар асоси фатвои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба дунболи силоҳи атомӣ нест, афзуд, амрикоиҳо худашон собит карданд, ки ҳарфҳои онон беасос, дурӯғ ва воҳӣ аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар БарҶом роҳи иштибоҳ ва нодурустеро интихоб кардаанд, ба онон тавсия кард, ба паймон ва аҳди худ пойбанд бошанд.

 

Барчасп