Ҳушдори Эрон ; бақои Барҷом дар гарави ҳамроҳии ҷамъӣ
Намояндаи доимӣ Эрон дар Созмони Милалли муттаҳид ҳушдор дод,Эрон аз ин пас наметавонад ва набояд бори ҳифзи Барҷом ро ба танҳоӣ ба душ бикашад.
Маҷиди Тахтиравончӣ рӯзи чоршанбе дар нишасти Шӯрои амният бо мавзуъи баррасии Барҷом ва қатъномаи 2231 гуфт; хуруҷи Амрико аз Барҷом ва эъмоли дубораи таҳримҳо зидди Эрон сабаб шудааст то Барҷом тақрибан ба таври комил беасар шавад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи маи 2018 аз Барҷом хориҷ ва муддаъӣ шуд, ин тавофуқ комил нест ва бояд масоили мушакӣ ва ҳузури минтақаии Эрон дар Барҷом ғунҷонида шавад.
Доналд Трамп дар паи хуруҷи Амрико аз Барҷом,сахтарин таҳримҳои иқтисодиро зидди миллати Эрон эъмол карда,ки Муҳаммад Ҷаводи Зариф,Вазири хориҷаи Эрон,ин иқдоми Амрико ро терроризми иқтисодӣ зидди миллати Эрон эълон кардааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон ҳам таҳримҳои Амрико зидди миллати Эрон ро ҷиноят зидди башарият эълом кардааст.
Амрико муддаӣ аст бо эъмоли сахттарин таҳримҳо дар паи гуфтугӯ бо Эрон барои расидан ба тавофуқи нав ба ҷои Барҷом аст аммо масулини олирутбаи ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд,бар асоси таҷрибаи Барҷом дигар вориди музокираи дигаре бо Амрико намешаванд.
Амрико барои бозгашти Эрон ба пои музокира,сиёсати фишори ҳадди аксарӣ ро дар пеш гирифтааст ва ҳамзамон силоҳи ҳастаиро ҳамба он ҳамроҳи мекунад то ба азми худ Эрон ро бо тарсондан вориди музокироти нав кунад.
Ҳадафи Амрико аз музокираи нав ,баррасии тавони мушакӣ ва ҳузури муасири минтақаии Эрон аст ва дар ин миён, кишварҳои Аврупоии тарафи Барҷом ҳам бо давлати Амрико ҳамнаво шуданд. Ин ҳамнавоӣ нишон аз нотавонии аврупоиҳо дорад ва бори дигар собит мекунад Аврупо бозигарӣ мустақиле дар низоми байналмиллал нест ва ҳамчунон дар сояи Амрико нақшофаринӣ мекунад.
Бо ин ҳол, ҳамонтавре,ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чоршанбе дар дидори раис, масулон ва ҷамъе аз қозиҳо ва коркунони Қуваи қазоияи Эрон таъкид карданд; пешниҳоди музокира фиреби Амрико барои халъи силоҳ ва авомили иқтидори миллати Эрон аст.
Пас аз ин,ки кишварҳои Аврупоӣ дар иҷроии таъаҳудоти Барҷомии худ нотавонӣ нишон доданд ва ҳозир ба пардохти ҳазина барои ҳифзи Барҷом бе Амрико нестанд,Эрон иқдомҳои наверо дар чорчуби Барҷом шурӯъ кардааст.
Ҳаштуми моҳи май 2019 дар солгарди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз Барҷом ва тадовуми бадаҳдии аврупоиҳо,Эрон ду таъаҳуди Барҷомии худ ро мутавақиф кард ва ҳамзамон фурсати 60 рӯза ба кишварҳои боқимонда дар Барҷом дод то ба таъаҳудоти Барҷомии худ ба вижа дар заминаи табодулоти Бонкӣ ва молӣ ва тадовуми фурӯши нафти Эрон амал кунанд.
Ҳадафи Эрон аз ин иқдом, дифоъ аз манофеъи миллати Эрон ва эҷоди мавозина дар иҷроии таъаҳудҳои Барҷомӣ буда ва нуктаи муҳими он, ин аст,ки иқдомҳои нави Эрон комилан мунтабиқ бо Барҷом аст. Эрон таъкид кардааст коҳиши таъаҳудҳои Барҷомии Эрон бо тадовуми бадаҳдии Аврупоиҳо идома хоҳад дошт ва гоми дуввуми 8 янври 2019 бо поён ёфтни муҳлти 60 рӯз бардошт хоҳд шуд.
Аврупоиҳо дар вокуниш ба иқдомҳои нави Эрон дар чорчуби Барҷом,бо сиёсатҳои вайронкоронаи Амрико ҳамсӯ шуданд ва фақат ба Эрон фишор ворид мекунанд,ки ба таъаҳудҳои Барҷомии худ пойбанд бимонад.
Аммо ҳамонтавре,ки Муҳаммад Ҷавод Зариф Вазири хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон таъкид кард; Эрон бар асоси барнома,коҳиши таъаҳудҳои Барҷомии худро идома хоҳад дод ва тарафҳои дигари Барҷом метавонанд бо иҷроии таъаҳудҳояшон, иқдомҳои Эрон ро баргаштпазир кунанд.
Эрон дар паи хуруҷи Амрико аз Барҷом,бо сабри роҳбурдӣ ва ҳусни ният, бештарин талош ро барои хифзи ин тавофуқ анҷом додааст.
Барҷом тавофуқи чандҷониба аст ва наметавон онро ба таври якҷониба ҳифз кард ва танҳо роҳи бақои он анҷоми иқдомҳои амалии Аврупо ва ҳамроҳии ҳамаи тарафҳо аст.