Июн 27, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои вазири хориҷаи Амрико дар бораи Эрон

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон, иддаоҳо ва иттиҳомоти беасоси вазири хориҷаи Амрикоро алайҳи Эрон бино бар нақши Теҳрон дар тахриби раванди сулҳи Афғонистон рад кард.

Ба гузориши ИРНА, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул- пойтахти Афғонистон имрӯз (панҷшанбе) дар иттилоияе эълом кард, субот ва амният дар Афғонистон дар ростои манофеъ ва амнияти Эрон аст ва Теҳрон аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунад.

Дар иттилоияи сафорати Эрон дар Кобул омадааст: “Сулҳ хости умуми Афғонистон аст ва ҳар созукоре, ки барои таҳаққуқи ин орзӯи дерина мавриди тавофуқи давлат, аҳзоби сиёсӣ ва мардуми ин кишвар бошад, аз ҳимояти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор хоҳад буд”.

Дар ин иттилоия омадааст, сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидо токунун бар адами тасарр(фароянди пӯё, ки ба мӯҷиби он якпорчагӣ дар як ҳавза аз фаъолияти иҷтимоъ ба ҳавзаҳои дигар он сироят мекунад)-ии ихтилофот худ бо дигар кишварҳо дар муҳити дохилии Афғонистон буда ва умедвор аст, дигар кунишгарон низ ба ин асл вафодор бошанд.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар сафараш ба Кобул бо ворид кардани иттиҳомоти беасос муддаӣ шуд, агар Эрон раванди сулҳи Афғонистонро тахриб кунад, Амрико бо ин иқдоми Эрон муқобила мекунад.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурданд, аммо аз он замон токунун, ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рушди чашмгире доштааст.

 

Барчасп