Ташйиъи пайкарҳои 150 шаҳид дар Теҳрон
Маросими ташъйиъи пайкарҳои мутаҳҳари 150 шаҳиди тоза пайдо шуда даврони дифои муқаддас бо ҳузури хонаводаҳои муаззами шуҳадо ва мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
Бештари ин шаҳидон марбут ба амалиёти мухталиф дар даврони ҳаштсол дифои муқаддас ҳастанд, ки дар тафаҳҳус (ҷустуҷӯ) дар манотиқи амалиётӣ дар ҷануби Эрон шиносоӣ шуданд.
Аз миёни шаҳдое, ки имрӯз ташъйиъ шудаанд, ҳувияти 34 шаҳид шиносоӣ шудааст, ки ду шаҳид марбут ба шаҳидони мудофеи ҳарам ва бақия гумном ҳастанд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Иброҳим Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон дар ин маросим бо баёни инки шуҳадо, истодагӣ ва муқовиматро ба мардуми Эрон омӯхтанд, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқовимати худ ҳеҷ тардиде надорад ва дар истодагӣ баробари душман ҳеҷ тардиде дар дил роҳ намедиҳад ва Амрикоро душмани аслии худ мешиносад.
Вай Эрон афзуд, Ҷумҳурии исломӣ муқобили режими саҳюнистӣ ва амрикоиҳо бо тамоми тавон меистид ва бо ҳамаи қудрат омодагӣ дорад онҳоро дар ин майдон пушаймон кунад.