Июн 28, 2019 21:42 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фарорасидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)

Шанбе 29 Июн 2019 мусодиф бо 25 шаволи 1440 солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ ( а) аст.

Дар шабу рӯзи солгарди  шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) мардуми Эрон бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ, дар суги он азодорӣ мекунанд.

Ҳарами муттаҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, дар солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) сиёҳпуш ва лабрез аз зоирон мешавад ва онон иродати худро ба аҳлубайти исмат ва таҳорат (а) иброз мекунанд.

 имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар тули умри прбори худ ҳамвора бо брпо кардани дарсҳоеи маҳзабӣ барои пурсишу посухи масалаҳои исломи ва  мазҳабӣ, посух медод.

Таъсири ин иқдом то ба онҷо буд,ки нафароне чун  Шофеъӣ, Молик ва Абуҳанифа аз бузургони аҳли суннат аз маҳзари имом Ҷаъфари Содиқ (а) касби илм карданд.

Бахши тоҷикии садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) ро ба ҳамаи мухотабони гиромӣ таслият мегуяд.