Ташйиъи пайкари 150 шаҳид дар шаҳрҳои мухталифи Эрон
(last modified Sat, 29 Jun 2019 10:31:54 GMT )
Июн 29, 2019 15:31 Asia/Dushanbe
  • Ташйиъи пайкари 150 шаҳид дар шаҳрҳои мухталифи Эрон

Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи гиромии расули Худо (с) ва пешвои мусалмонони ҷаҳон, пайкарҳои поку мутаҳҳари 150 шаҳид дар 16 шаҳри Эрони исломӣ ташйиъ ва хоксупорӣ шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, пайкари поку мутаҳҳари 150 шаҳиди Эрон, ки рӯзи панҷшанбе бо истиқболи бошукӯҳи мардум дар Теҳрон ташйиъ ва ба шаҳристонҳо мунтақил шуда буд, имрӯз (шанбе) дар 16 шаҳри Эрон ташйиъ ва ба хок супурда шуданд.

Аз миёни шаҳадое, ки имрӯз ба хок супурда шуданд, ҳувияти 34 шаҳид шиносоӣ шудааст ва бақия гумном ҳастанд. Ин шаҳидон дар ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон ба шаҳодат расидаанд ва бақоёи пайкарҳои поки онон дар манотиқи ҷангӣ кашф шудааст.

Имрӯз, 29 –уми июни соли 2019, мусодиф бо 25 –уми шаволи соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.