Июн 29, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Эрон аз Амрико ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар номае ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал, аз Амрико ба иллати таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии ин кишвар ба ҳарими ҳавоии Эрон шикоят кард.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломҳусайн Деҳқонӣ, муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин шикоят бар асоси моддаи 51-и Эъломияи Милали Муттаҳид таъкид кардааст, дар сурати такрори ин иқдом, дифоъ аз марзҳои худ ва муқобила бо ҳар гуна таҷовузро ҳаққи худ медонад.

Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, тарафи амрикоӣ иддао мекунад, ки ин ПАҲПОД вориди ҳарими ҳавоии Эрон нашудааст, ки албатта ҳаргиз наметавонад чунин иддаоеро собит кунад. Чун ин ПАҲПОД пас аз инҳидом дар обҳои сарзаминии Эрон суқут кард.

Бомдоди панҷшанбе (20 -уми июн) як ПАҲПОД-и ҷосусии “Глобол Ҳаук” –и Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар минтақаи рӯ ба рӯи кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), ҳадафи оташи падофанди Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Деҳқонӣ ҳамчунин бо ишора ба шикояти Эрон аз таҳримҳои Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ гуфт, ин девон дар қарори муваққате таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ба вижа дар заминаи ғизо ва доруро маҳкум кардааст.

Вай афзуд, тибқи қарори муваққати Девони Байналмилалии Додгустарӣ, Амрико бояд дар заминаи нақлу интиқолоти молии Эрон, ба вижа дар заминаи таҳияи дору сабукӣ диҳад, аммо Амрико акнун бо фишори ҳаддиаксарӣ дар ин хусус коршиканӣ мекунад.