Июн 30, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон рутбаи нахусти илмӣ дар Ховари Миёнаро аз они худ кард

Таҷзия ва таҳлили омор ва арқоми рутбабандии “Scimago” дар соли 2018 нишон медиҳад, Эрон дар ин сол мақоми нахусти тавлидоти илмиро дар байни кишварҳои Осиёи ғарбӣ аз они худ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси додаҳои “SCImago”, донишмандони эронӣ дар соли 2018, 60 ҳазору 268 мақола дар улуми мухталиф ироа ва мунташир кардаанд, ки аз ин теъдод 54 ҳазору 915 мақола қобил истинод будааст.

Туркия бо як ихтилофи тақрибан 15 ҳазор мақолаӣ дар ҷойгоҳи дуввуми низоми рутбабандии “SCImago” қарор гирифта ва донишмандони ин кишвар бо тавлид ва ироаи 45 ҳазору 582 мақола, ки 39 ҳазору 847 адади он қобили истинод буда, ҳоизи мақоми дуввум шудаанд.

Арабистони Саудӣ, Миср, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Урдун, Қатар, Лубнон, Уммон, Кувейт, Баҳрайн, Яман ва Сурия ба тартиб баъд аз Эрон ва Туркия дар ҷадвали “Scimago”  ҷой гирифтаанд.

Дар як баррасии куллитар миёни 155 кишвари ҷаҳон, Эрон ҷойгоҳи шонздаҳуми ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст, тавлидоти илмии Амрико, Чин ва Англия садрнишини ин низоми рутбабандӣ аст, ки ҷойгоҳи нахуст то сеюмро ба худ ихтисос додаанд.

“Scimago” яке аз ҷадидтарин ва ҷомеътарин низомҳои рутбабандии пажӯҳишии донишгоҳҳо ва муассисоти пажӯҳишмеҳвар дар ҷаҳон аст

 

Барчасп