Июн 30, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводиди шаҳрвандони чинӣ барои сафар ба Эрон

Ҳайати давлати Эрон бо бекор кардани визаи шаҳрвандони чинӣ барои сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон мувофиқат кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, бар асоси ин мувофиқат, Вазорати умури хориҷаи Эрон муҷоз аст дар хусуси барқарории муқаррароти лағви раводид барои вуруди шаҳрвандони кишвари Чин ба Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдом кунад.

Ҳайати вазирон дар ҷаласаи 23 июни 2019 ба пешниҳоди муштараки Вазорати умури хориҷа ва Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон бо барқарории муқаррароти лағви раводид барои вуруди атбои кишвари Чин ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мувофиқат кард.

 

Барчасп