Июл 02, 2019 08:49 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Амрико бо асли ғанисозии ҳастаии Эрон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороте мутафовит бо ҳуқуқи байналмиллалӣ ва мафоди барномаи ҷомеи иқдоми муштарак(БАРҶОМ) эълом кард, ки Эрон набояд ғанисозии ҳастаӣ анҷом диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Майк Помпео душанбешаб бо ишора ба гомҳои нави Эрон дар хусуси афзоиши сатҳи  ғанисозии ҳастаӣ иддао кард, ки ин иқдом нақзи БАРҶОМ аст ва бояд аз ҳамаи роҳкорҳо барои таваққуфи  ғанисозии Эрон истифода кард.

Вазири умури хориҷаи Амрико бидуни ишора ба хуруҷи комили он кишвар аз БАРҶОМ ва бадъаҳдии тарафҳои ғарбӣ ба мафоди барномаи иқдоми муштарак изофа кард ҳеҷ тавофуқи ҳастаие набояд ба Эрон  иҷоза диҳад ин кишвар дар ҳеҷ сатҳе ғанисозии уран дошта бошад.

Помпео, ки аз соли гузашта то кунун хоби бозгардондани қатъномаҳои пешини Шурои амният алайҳи Эронро дар сар мепарваронад гуфт, то замоне, ки Эрон гуфтугӯ бо Амрикоро рад мекунад ва ба барномаи ҳастаии худ идома медиҳад бо фишорҳо ва таҳримҳои Амрико ру ба ру хоҳад буд.

Изҳороти Помпео ва дигар мақомоти амрикоӣ ба хубӣ гувоҳи он аст, ки хуруҷи ғайриқонунӣ аз паймонҳои байналмиллалӣ, иҷрои таҳрим ва якҷонибагароӣ таърифи нав аз депломасии амрикоӣ аст.

Эрон рӯзи душанбе бо ишора ба бадъаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои таъаҳудоти барҷомии худ эълом кард, ки Эрон бар асоси банди 36 тавофуқи ҳастаӣ аз марзи 300 килограм урани ғанишуда убур карда, аммо ин иқдом ба маънии нақзи БАРҶОМ нест.