Июл 02, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • 70 миллион паноҳанда дар ҷаҳон

Раиси дафтари Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Эрон аз вуҷуди 70 миллион паноҳанда дар саросари ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Иво Фрейзен (Ivo Freijsen) рӯзи сешанбе дар дидор бо раиси намояндагии Вазорати умури хориҷии Эрон дар шимолу шарқи ин кишвар дар Машҳад яке аз дағдағаҳои бузурги Созмони Милалро ҷобаҷоӣ ва оворагии инсонҳо тавсиф кард ва афзуд, 80 дарсади паноҳандагон дар дунё ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ мебаранд, ки намунаи он паноҳандагони афғонистонӣ ҳастанд, ки дар Эрон сукунат доранд. Фрейзен гуфт, Эрон нақши муҳиме дар мизбонии паноҳандагон дар сатҳи ҷаҳон дорад ва акнун рутбаи шашуми ҷаҳонро дар ин замина ба худ ихтисос додааст. Раиси дафтари Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон афзуд, Эрон 40 сол аст, ки мизбонии паноҳандагони афғон ва ироқиро бар уҳда дорад ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки мушкилоти иқтисодии ин кишвар асари худро бар так-таки афроди ҷомеа ва паноҳандагон гузошта, ниёзманди ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ аст ва дар ин замина бояд ройзании бештаре сурат гирад.

Фрейзен гуфт, шумори он даста аз муҳоҷирони афғонистоние, ки бозгашти довталабона ба кишварашонро интихоб ва зиндагии ҷадидро дар Афғонистон шурӯъ мекунанд, хеле кам аст, зеро онон шароити Афғонистонро медонанд ва бар ҳамин асос тарҷеҳ медиҳанд, дар Эрон зиндагӣ кунанд, он ҳам дар ҳоле ки шароити зиндагии паноҳандагони хориҷӣ дар Эрон қобили муқоиса бо дигар нуқоти ҷаҳон нест.

Дар ин дидор раиси намояндагии Вазорати умури хориҷии Эрон дар шимолу шарқи ин кишвар низ гуфт, ҳамакнун беш аз 300 ҳазор муҳоҷири афғон ва ироқӣ дар устони Хуросони Разавӣ сукунат доранд. Аббосарбоби Холис таъкид кард, хадамот ба муҳоҷирон дар Эрону Хуросони Разавӣ бидуни таваҷҷуҳ ба масоили иқтисодӣ, таваррум ва таҳримҳо ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп