Зариф: Эрон дақиқан ба шеваи аврупоиҳо ба БАРҶОМ пойбанд хоҳад буд
Вазири умури хориҷаи Эрон сешанбешаб дар вокуниш ба баёнияи ахири аврупоиҳо, ки дар он аз иқдомоти барҷомии Эрон интиқод шуда буд, эълом кард, Эрон аз ин пас ба ҳамон шеваи аврупоиҳо тааҳудоташ зейли БАРҶОМро иҷро хоҳад кард.
Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер навишт, Эрон то замоне, ки се кишвари аврупоӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба иҷрои тааҳудоти иқтисодиашон пойбанд бошанд ба иҷрои комили БАРҶОМ пойбанд мемонад.
Зариф афзуд, аз ин лаҳза ба баъд Эрон ба тааҳудоташ зейли БАРҶОМ ҳамонтавре амал хоҳад кард, ки аврупоиҳо амал карда ва мекунанд. Ба андозаи кофӣ мунсифона аст.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони хориҷаи Олмон, Британия ва Фаронса асри сешанбе дар баёнияе муштарак аз афзоиши захираҳои ураниюми ғанишудаи Эрон ибрози нигаронӣ карданд ва муддаӣ шуданд тааҳуди Иттиҳодияи Аврупо ба БАРҶОМ бастагӣ ба пойбандии комили Эрон ба ин тавофуқ дорад.
Аврупоиҳо дар ин баёния аз Эрон хостанд мизони ураниюми ғанишудаи худро ба сатҳи муаян дар БАРҶОМ бозгардонад.
Эрон 8 майи 2019 як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрикол аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадиҳои роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БРҶОМ эълом кард, бахше аз тааҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36-и ин тавофуқ муъаллақ мекунад. Эрон 60 рӯз ба тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ фурсат додааст, то тааҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд, дар ғайри ин сурат Теҳрон гомҳои наве дар ҷиҳати коҳиши тааҳудоташ ба БАРҶОМ бархоҳад дошт.
Адами пойбандӣ ба сақфи 300 килограмии ураниюм бо ғанои 3/67 дарсад яке аз ин тасмимот буд, ки рӯзи душанбе расман амалӣ шуд.
Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико (8 майи 2018) аз БАРҶОМ ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.