Амнияти энержӣ аз дидгоҳи Эрон: масъалаи нафт бояд ғайрисиёсӣ шавад
(last modified 2019-07-03T08:31:51+00:00 )
Июл 03, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Амнияти энержӣ аз дидгоҳи Эрон: масъалаи нафт бояд ғайрисиёсӣ шавад

Бежани Номдори Зангана вазири нафти Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи СНБС-и Амрико, ки дар ҳошияи яксаду ҳафтоду шашумин нишасти вазирони нафти кишварҳои содиркунандаи нафти ОПЕК дар Вена баргузор шуд гуфт, масъалаи нафт бояд ғайрисиёсӣ шавад.

Зангана ҳамчунин бо баёни ин воқеият, ки Эрон дар яксад соли гузашта бозори нафтро амн кардааст хотир нишон кард, табдили ОПЕК ба як созмони сиёсӣ ба маънои табдил кардани нафт ба унвони силоҳ дар Бозори ҷаҳонӣ аст дар ҳоле ки бозори нафт бояд амн ва ғайрисиёсӣ бошад.

Нишатси вазирони нафти кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар ҳоле дар Вена пойтахти Австрия ба кори худ поён дод, ки ба иллати идомаи рафтори бархе аъзои ин созмон оянда ва сарнавишти ОПЕК ҳамчунон бо ибҳомот ва саволоти зиёде ру ба ру аст.

Аз замоне, ки Амрико доманаи таҳримҳоро ба самти нафт густариш дод бесуботӣ ва нопойдорӣ дар нархҳо масрафкунандагон ва тавлидкунандагони нафтро дучори сардаргумӣ кард.

Дар миёни таҳлилҳо ва арзёбиҳо дар бораи паёмадҳои тасмими Амрико барои мутаваққиф кардани содироти нафти Эрон ду ҳадаф ба чашм мехурад.

Ҳадафи Аввал: ворид кардани фишори ҳаддиаксарӣ ба бозори содироти нафт, газ ва петрохимияи Эрон ба унвони пояи аслии иқтисод ва дар ниҳоят водор кардани он ба пазируфтани музокираи дубора бар сари тавофуқи ҳастаӣ тибқи шартҳои Амрико аст.

Аммо ҳадафи дуввуми, ки барои Амрико дорои аҳамият аст тасаллут бар бозорҳои фуруши нафт аст.

Таҳлилгарон муътақиданд Амрико мехоҳад ба нафъи ҳавзаи нафти Шел ё ҳамон нафти истихроҷшуда аз лояҳои шенӣ ва русӣ амал кунад. Трамп талош мекунад саҳми содироти нафти Эрон дар Осиёро ба нафъи худ мусодира кунад ва онҳоро ба ширкатҳои нафтии Амрико вогузор намояд.

Пойгоҳи хабарии ал-Арабӣ аҷ-Ҷадид дар таҳлили ин ҳадаф иқдоми зиддиэронии Трампро иҷрои стратегии султаи Амрико бар энержии ҷаҳон ва контроли он бар таъмини нафти ҷаҳон, нархҳо ва хатҳои тиҷорати нафт медонад.

Ин вебгоҳи хабарӣ менависад, Амрико амалисозии ин ҳадафро ба нафъи музокироти тиҷории худ бо Чин мебинад, чун Чин кишваре аст, ки ниёзи шадиде ба нафти Эрон ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс дорад ва ҳамчунин аз ин тариқ Амрико дигар муттаҳидонаш монанди Жопон, Кореяи ҷанубӣ ва Тайван ҳам таҳти фишор қарор медиҳад.

Трамп бо ин тасмими худ кишварҳои воридкунандаи бузурги нафти Эронро дар баробари гузинаҳои душворе қарор додааст.

Скот Мудил коришноси нафти Амрико дар гуфтгӯ бо Бломберг мегуяд, кишварҳои осиёии ворикунандаи нафт аз тасмими Амрико хашмгин ҳастанд.

Харидорони нафт дар воқеъ бар мабнои тасмиме якҷониба ва муғоир бо озодии тиҷорат ва қавонини Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аз хариди нафти Эрон маҳрум мешаванд. Дар ин раванд иқдомоти якҷонибаи баъзе аз аъзои ОПЕК алайҳи Эрон метавонад ба фурупошии ин созмон биянҷомад.

Тасмими Амрико на фақат ноқизи ҳаққи Эрон дар тиҷорат аст, балки таарруз ба ҳокимияти кишварҳои ҳампаймон ё ғайриҳампаймони Амрико дар тиҷорат бо ҳар тарафест, ки хоҳони он ҳастанд. Чун ин ҳақ мутобиқ бо қавонини озодии тиҷорат аст, ки худи Амрико ҳам онро ба имзоъ расондааст. Ин ба маънои шуруи як бозии сиёсии хатарнок дар бозори энержӣ аст, ки қатъан ба зиёни манофеи иқтисодии ҳамаи кишварҳо тамом хоҳад шуд.

Аз нигоҳи вебгоҳи хабарии ал-Арабӣ аҷ-Ҷадид: иқдомоти Амрико михе бар тобути ОПЕК аст, ки бозичаи дасти Трамп шудааст касе, ки бо таваҷҷуҳ ба манофеи худ ҳар замон ки дуст дорад онро ҳаракат медиҳад ва Арабистони саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи арабӣ ҳам аз ин фурсат сӯистифода мекунанд.

Зангана пеш аз ин низ ба сароҳат гуфтааст, ки Эрон фақат ба далели манофеи худ узви ОПЕК аст. Бино барин агар баъзе аз кишварҳои ОПЕК қасди таҳдиди Эронро дошта бошанд Теҳрон аз додани посухи муносиб ба онҳо худдорӣ нахоҳад кард.