Июл 04, 2019 09:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳдидоти Трамп алайҳи Эрон

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб дар Твиттер навишт изҳороти раиси ҷумҳури Эрон дар бораи гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эронро таҳдиди тоза тавсиф кард ва муддаӣ шуд ин таҳдид метавонад ниҳоятан ба худи Эрон бозгардад.

Ба гузориши Порстудэй, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳорашнбе бо ишора ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМ ва адами амалисозии ваъдаҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии ин иқдоми ғайриқонунии Вашингтон таъкид кард Эрон дар рӯзи 7 июл, ки фурсати 60 рӯзаи Теҳрон ба Аврупо ба поён мерасад сатҳи ғанисозии худро ба ҳар мизон, ки ниёз дошта бошад афзоиш хоҳад дод.

Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи 2019 як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадиҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ6 эълом кард бахше аз тааҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад. Эрон 60 рӯз ба тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ фурсат додааст, то тааҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд, дар ғайри ин сурат Теҳрон гомҳои наве дар ҷиҳати коҳиши тааҳудоташ ба БАРҶОМ бархоҳад дошт.

Адами пойбандӣ ба сақфи 300 килограмии ураниюм бо ғанои 3/67 дарсад яке аз ин тасмимот буд, ки рӯзи душанбе расман амалӣ шуд.

Трамп дар вокуниш ба ин иқдоми барҷомии Эрон низ муддаӣ шуда буд Эрон бо оташ бозӣ мекунад.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ дар сурати адами пойбандии тарафи муқобил ба тааҳудоташ Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико (8 майи 2018) аз  БАРҶОМ ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.