Июл 04, 2019 09:32 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с) муборак бод

Эрони исломӣ дар солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с) хоҳари имом Ризо (а) имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ғарқ дар шодӣ аст.

Имрӯз панҷшанбе аввали зиқаъдаи соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо чаҳоруми июли 2019 солрӯзи валодати ҳазрати Маъсума (с) духтари гиромии Мусабни Ҷаъфар (а) имоми ҳафтуми шиаёни ҷаҳон аст.

Ҳазрати Маъсума (с), ки дар рӯзи аввали зиқаъдаи соли 173 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд мазҳари фазоил буданд.

Дар Эрони исломӣ рӯзи валоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), рӯзи духтар номгузорӣ шудааст.

Дар шаби милоди каримаи аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ҳазрати Фотимаи Маъсума(с) ҳарами мутаҳҳари ишон дар шаҳри муқаддаси Қум ғарқ дар ҷашну сурур буд. Мардуми шаҳри Қум бо чароғонии сар  дари мағозаҳо, хонаҳо, масҷидҳо ба пахши ширинӣ мепардозанд.

Маросими ҷашни милоди ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), дар масҷиди муқаддаси Ҷамкарон ва дигар масҷидҳо, ҳусайнияҳо ва маконҳои мазҳабии вилояти Қум бо ҳузури густардаи муҳиббон ва иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) баргузор мешавад.

Аз имрӯз панҷшанбе, ки солрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) аст, то 14 июл ҳамзамон бо солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон даҳаи каромат номгузорӣ шудааст.

Радиои тоҷикӣ фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) ро ба ҳамаи дустдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрик ва таҳният мегуяд.