Июл 05, 2019 16:59 Asia/Dushanbe
  • Фарши дастбофи Эрон
    Фарши дастбофи Эрон

Раиси Маркази миллии фарши Эрон гуфт, қолии 29 минтақаи Эрон ба сабти ҷаҳонӣ расидааст ва ба зудӣ 19 минтақаи дигар ба ин маҷмӯа афзуда мешавад.

Фариштаи Дастпок рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, бо таваҷҷуҳ ба таҳрими фарши Эрон тавассути Амрико, дар ҳоли ҳозир ҷойгузинии кишварҳои Чин ва Русия ба унвони ду бозори ҳадаф дар дастури кор аст.

Раиси Маркази миллии фарши Эрон дар бораи намоишгоҳи ҷаҳонии фарши Теҳрон низ гуфт, ин рӯйдод намоишгоҳе бо 800 ғурфа дар охири тобистони имсол ба муддати як ҳафта баргузор хоҳад шуд.

Раиси Маркази миллии фарши Эрон афзуд, Табрез низ ба унвони шаҳри ҷаҳонии фарш моҳи оянда баргузоркунандаи яке дигар аз намоишгоҳҳои фарши дастбофи Эрон аст.

 

Барчасп