Июл 05, 2019 17:35 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрикоиҳо аз қудрати дифоии Эрон ҳарос доранд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Амрико дар бораи иллати мунсариф шудани ин кишвар аз ҳамла ба Эрон гуфт, мақомоти амрикоӣ аз қудрати низомӣ ва дифоии Эрон ҳарос доранд.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба солгарди ҳамлаи нови амрикоии “Винсенс” ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар севуми июли 1988 афзуд, Амрико ин ҷиноятро бо вақоҳат, бешармӣ ва амдан анҷом дод.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки мақомоти амрикоӣ хӯи ваҳшигарӣ ва дарандагӣ доранд, изҳор дошт, эрониён бо ҳуш, ахлоқ ва инсоният, иқтидори худро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба убури Эрон аз сатҳи таъйиншудаи 300 килограмм барои захоири ураниюми ғанишуда дар БарҶом гуфт, Эрон ба бомбаи атомӣ ниёз надорад ва сохти онро ғайримашруъ медонад.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки Эрон сатҳи ғанисозиро худ таъйин мекунад, афзуд, ҷумҳурии исломӣ баъд аз бадаҳдии аврупоиҳо дар БарҶом, то ҳар мизоне, ки лозим бидонад, сатҳи ғанисозии худро барои масорифи илмӣ ва таъмини энержӣ афзоиш медиҳад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ин ки саҳюнистҳо дар хонаи шишаӣ зиндагӣ мекунанд, таъкид кард, агар ғалате аз амрикоиҳо ва саҳюнистҳо сар бизанад, Эрон халиҷи Форсро ба қабристони онон табдил хоҳад кард.

Намозгузорони теҳронӣ пеш аз иқомаи намози ҷумъа бо сар додани шиорҳое сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди миллати Эронро маҳкум ва бар идомаи истодагӣ ва муқовимат то шикасти тавтеаҳои душманон таъкид карданд.