Июл 05, 2019 20:54 Asia/Dushanbe
  • Сафири Ироқ ба Амрико: Бағдод дар канори миллати Эрон хоҳад буд

Сафири Ироқ дар Эрон бо таъкид бар ногусастанӣ будани пайвандҳои ду кишвар гуфт, миллати Ироқ дар баробари фишорҳо ва таҳримҳои Амрико, дар канори миллати Эрон хоҳад буд.

Саъд Ҷавод Қандил, сафири Ироқ дар Теҳрон, ки ба устони Кирмон, ҷануби Эрон сафар кардааст, шомгоҳи панҷшанбе дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Фидоӣ, устондори Кирмон афзуд, равобит байни Эрон ва Ироқ бисёр қавӣ шудааст ва ҳеҷ ҳаракат ва иқдоме наметавонад иртибот ва пайванд байни ин ду кишварро заиф кунад.

Қандил бо баёни ин ки мардуми Ироқ кумакҳои Эрон дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, изҳор дошт: Имрӯз гарчӣ Амрико муҳосираи золимонае зидди миллати Эрон доштааст, аммо миллати Эрон бидонад: мардуми Ироқ дар канори онон ҳастанд!

Муҳаммадҷаводи Фидоӣ, устондори Кирмон низ бо баёни ин ки миллати Эрон ва Ироқ вобастагиҳои зиёде ба ҳам доранд, гуфт, устони Кирмон омодагӣ дорад барои иртиқои сатҳи ҳамкорӣ ва иртибототи беҳтар байни Эрон ва Ироқ дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, беш аз пеш талош кунад.

 

Барчасп