Июл 07, 2019 09:08 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ дар тамоси телефонии Макрон: Иттиҳодияи Аврупо ба масъулиятҳои худ амал кунад

Раиси ҷумҳури Эрон шанбешаб дар тамоси телефонии Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса аз аврупоиҳо хост ба масъулиятҳои худ дар баробари муоҳидоти байналмиллалӣ ва қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид амал кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ишора ба таъкиди ҳамтои фаронсавии худ барои ҳифзи БАРҶОМ хотирнишон кард, Эрон таи 14 моҳи гузашта ва ба рағми ҳамаи фишорҳо ва таҳримҳои Амрико кушидааст дар чорчуби як сабри роҳбурдӣ ин тавофкуқро ҳифз кунад.

Раиси ҷумҳури Эрон таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодии Амрико алайҳи миллати Эронро як ҳаракате террористӣ ва ҷанги иқтисодии тамомаёр донист ва таъкид кард, тадовуми ин ҷанги иқтисодӣ метавонад ба таҳдидоти дигаре дар минтақа ва ҷаҳон мунҷар шавад.

Руҳонӣ иқдомоти барҷомии ахири Эронро комилан дар чорчуби ин тавофуқ ва барои ҳифзи он баршуморд ва аз Иттиҳодияи Аврупо хост, то ба масъулиятҳои худ дар баробари муоҳидоти байналмиллалӣ ва қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид амал кунад ва бо даст задан ба иқдомоте, беш аз пеш барои ҳифзи БАРҶОМ талош кунад.

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард таваққуфи куллияи таҳримҳо метавонад оғозе барои як ҳаракат байни Эрон ва 5+1 бошад.

Раиси ҷумҳури Фаронса низ дар ин тамоси телефонӣ бо баёни ин ки Иттиҳодияи Аврупо аз ибтидои хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ бо ин иқдом шадидан мухолифат кардааст гуфт, ин иттиҳодия хоҳони ҳифзи БАРҶОМ аст ва тамоми талоши худро дар ин масир ба кор гирифтааст.

Макрон афзуд, мепазирем, ки иқдомоти Аврупо барои ҷуброни таҳримҳои Амрико муваффақ ва коромад набудааст, аммо ҳамаи талоши худро барои ҷуброни ин мавзӯъ бакор мегирем.