Эрон убур аз марзи 3,67 дарсадии ғанисозиро оғоз кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44973-Эрон_убур_аз_марзи_3_67_дарсадии_ғанисозиро_оғоз_кард
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба оғози гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Теҳрон гуфт, Эрон фароянди убур аз ғанисозии болои се мумайиз шастуҳафт дарсадиро оғоз кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон убур аз марзи 3,67 дарсадии ғанисозиро оғоз кард

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба оғози гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Теҳрон гуфт, Эрон фароянди убур аз ғанисозии болои се мумайиз шастуҳафт дарсадиро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки муҳлати 60 -рӯзаи Теҳрон ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ поён ёфтааст, изҳор дошт, Эрон вориди гоми дувуми афзоиши сатҳи захоир ва ғанисозӣ шудааст ва бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ метавонанд фардо (душанбе) убури Эрон аз марзи се мумайиз шастуҳафт дарсади ғанисозиро таъйид кунанд.

Камолвандӣ гоми дувуми барномаи барҷомии Эронро бар асоси таъмини ниёзҳои кишвар унвон кард ва афзуд, гоми дувуми Эрон дар миёнамуддат барои таъмини ниёзҳои нерӯгоҳӣ ва реактурҳои таҳқиқотӣ ва дар баландмуддат бо ҳадафи таъмини ниёзҳои пеширӯи он аст, ки ҳар кадом аз онҳо дарсадҳои мутафовит дорад.

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон дар бораи реактори оби сангини Арок дар маркази Эрон низ гуфт, рехтани семент дар лӯлаҳои махзани аслии реактори оби сангини Арок бо илм ба ин ки имкони эҳёи онҳо вуҷуд дошта бошад, анҷом шуд. Аз ин рӯ Эрон намунаҳои он лӯлаҳоро дорад ва дар сурати лузум реактори оби сангини Арокро эҳё мекунад.

Камолвандӣ ҳамчунин бо ишора ба дархости Амрико барои ташкили ҷаласаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, масъулияти Шӯрои ҳукком расидагӣ ба масоили подмонӣ (назорат бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаӣ) аст, бинобарин убури Эрон аз марзи 3,67 дарсади ғанисозӣ, маҳдудияте ба лиҳози подмонӣ ва протоколӣ надорад ва марбут ба БарҶом аст.