Июл 07, 2019 17:15 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ҳаққи худро дар муқобила бо терроризми иқтисодии Амрико маҳфуз медонад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон ҳаққи бакоргирии иқдомоти қонунӣ дар чорчӯби БарҶомро ба манзури ҳифозат аз манофеи худ дар баробари терроризми иқтисодии Амрико маҳфуз медонад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер, бо ишора ба поёни муҳлати 60 -рӯзаи Теҳрон ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомӣ ва оғози гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон афзуд, Эрон дар ҳоли бардоштани дувумин даври гомҳои чорасози худ бар асоси порографи 36-и БарҶом аст.

Зариф таъкид кард, тамоми ин гомҳо танҳо дар сурати пойбандии се кишвари аврупоӣ (Англия, Фаронса, Олмон) ба тааҳҳудоташон қобили бозгашт аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ирсоли паёми дигаре навишт, Иттиҳоди Аврупо ва се кишвари аврупоӣ, ки ба вазоифи худ бар асоси БарҶом, аз ҷумла пас аз хуруҷи Амрико аз он амал накардаанд, бояд дастикам аз иқдомоти ҷубронии Эрон бар асоси порографи 36-и БарҶом дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, аз Теҳрон ҳимояти сиёсӣ кунанд.

Зариф таъкид кард, се кишвари аврупоӣ ҳеҷ баҳонае барои парҳез аз гирифтани мавзеи сиёсии муҳкам барои ҳифзи БарҶом ва муқобила бо якҷонибагароии Амрико надоранд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (якшанбе) бо ишора ба поёни муҳлати 60 -рӯзаи Теҳрон ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомӣ гуфт, Эрон бандҳое, ки дар БарҶом дар бораи ғилзати ғанисозӣ омадааст, дигар риоят намекунад ва ғилзати ғанисозиро афзоиш хоҳад дод.

Ироқчӣ бо таъкид бар ин ки раванди коҳиши тааҳҳудоти Эрон ҳаракате дар ростои ҳифзи БарҶом аст, гуфт, агар кишварҳои аврупоӣ хостаҳои Эронро бароварда накунанд, Теҳрон пас аз поёни 60 рӯз, гоми севумро бармедорад.

 

 

 

Барчасп