Июл 08, 2019 12:48 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни эронӣ ба Арабистон

Нахустин гурӯҳи зоирони эронӣ ба теъдоди 210 нафар имрӯз ( душанбе ) аз фурӯдгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ (р) и Теҳрон, озими Мадинаи Арабистон шуданд.

Ба гузориши ИРНА, дар оини гусел кардани нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни эронӣ, ҳуҷатул ислом Сайид Абдулфаттоҳ Наввоб Намояндаи валии фақиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат ва сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ ва ҳамчунин Алиризо Рашидиён раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон ҳузур доштанд.

Ҳуҷатул ислом Наввоб дар ин маросим бо баёни ин,ки ҳоҷиён, сафирони миллат ва хунсо кунандаи тавтиаҳои мустакбирон дар аёми ҳаҷ ҳастанд,гуфт; агар имрӯз Эрон дар ҷаҳон ҳарфе барои гуфтан дорад ба воситаи иззат ва иқтидори мардумонаш аст,ки то имрӯз бо ҳамдилӣ ва якпорчагӣ ҳамаи тавтиаҳои душманонро хунсо кардаанд.

Дар сафари маънавии ҳаҷи имсол,86 ҳазору 550 зоири эронӣ ба сарзамини ваҳӣ мушараф мешаванд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ чоршанбеи гузашта ( 3 июл ) дар дидори дастандаркорон ва коргузорони ҳаҷи Эрон таъкид кард; давлати Саудӣ вазифаи сангин барои таъмини амнияти зоирон беамниятӣ кардани муҳит ва ҳифзи ҳурмат ва каромати ҳоҷиён бар уҳда дорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба вуҷуди мафоҳими сиёсии зарурӣ назири ваҳдат,дифоъ аз мазлумон ва безорӣ аз мушрикон дар ҳаҷ гуфтанд;ваҳдат, ҳимоят аз мазлумон ҳамчун миллати Фаластин ва мардуми Яман ва ё безорӣ аз мушрикин,ҳама умури сиёсӣ ва мутобиқи таълимҳои ислом ҳастанд бинобар ин абъоди сиёсии ҳаҷ, ҳамон таклифи диннӣ ва ибодат аст.

Барчасп