Июл 08, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи дувуми донишҷӯёни Эрон дар мусобиқоти фазонавардии Амрико

Донишҷӯёни Донишгоҳи санъатии шарифи Эрон бо тарроҳии фазопаймои ҳушманде, ки имкони дастрасӣ ба сатҳи моҳро дорад, муваффақ шуданд рутбаи дувуми мусобиқоти тарроҳии сомонаҳои фазоии Амрикоро ба номи худ сабт кунанд.

Ба гузориши ИРНА, тими донишкадаи муҳандисии ҳавофазои Донишгоҳи санъатии шарифи Эрон дар рақобат бо 13 тим аз кишварҳои мухталиф, мақоми дувуми мусобиқоти фазонавардии Амрикоро касб кард.

Тарҳи тими донишкадаи муҳандисии ҳавофазои Донишгоҳи санъатии шарифи Эрон бо унвони “Ориёно” як фазопаймои ҳушманд аст, ки тавони 10 бор сафари рафту баргашт аз истгоҳи фазоии атрофи моҳ ба сатҳи моҳро дорад ва метавонад ин имконро ду баробар кунад.

Ҳамчунин сомонаи ҳушманди “Ориёно” тавре тарроҳӣ шудааст, ки хатои амалгарҳои зерсистемҳои фазопайморо тасҳеҳ кунад.

 

Барчасп