Июл 09, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси нафткаши британияӣ аз вуруд ба Тангаи Ҳурмуз

Манобеи ғарбӣ гузориш доданд, ки як супернафткаши ширкати нафтии "Бритиш петролюм" аз вуруд ба Тангаи Ҳурмуз имтиноъ карда ва дар соҳилҳои Арабистони саудӣ паҳлу гирифтааст.

Бломберг асри душанбе ба нақл аз манобеи британияӣ эълом кард,ин нафткаш ба далели бим аз тавқиф тавассути Эрон дар Халиҷи Форс таваққуф кардааст ва аз наздик шудан ба Тангаи Ҳурмуз имтиноъ мекунад.

Туфангдорони неруи баҳрии Британия ҳафтаи гузашта дар иқдоме муғоир бо қавонини байналмиллалӣ ва ҳамсӯ бо манофеъи Амрико як натфкаши ҳомили нафти Эронро дар Ҷабалу Ториқ тавқиф карданд.

Нафткаши ширкати британияии Бритиш петролюм  "Бритиш Ҳеритейҷ" ном дорад ва қобилияти ҳамли беш аз як миллион бушка нафтро дорад.

Ин нафткаш, ки дар ҳоли ҳаракат ба сӯи бандари Басраи Ироқ буд аз рӯзи пеш ба таври ногаҳонӣ мақсади худро тағйир дод ва дар савоҳили Арабистони саудӣ паҳлу гирифт.

Бломберг гуфт, ки Бритиш петролюм нигарон аст ба далелил тавқифи киштии ҳомили нафти Эрон дар Ҷабалу Ториқ нафткаши Бритиш Ҳеритейҷ тавассути Эрон тавқиф шавад.

Неруи баҳрии Британия аз панҷшанбеи гузашта (4 июл) дар иқдоме ғайриқонунӣ ва ба дархости Амрико нафткаши эрониро дар Ҷабалу Ториқ тавқиф кардааст. Ба дунболи ин роҳзании баҳрӣ, Вазорати дифои Эрон эълом кард, ин иқдом бидуни посух нахоҳад монд.