Мусалмон шудани як ҷавони буддоӣ дар Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45048-Мусалмон_шудани_як_ҷавони_буддоӣ_дар_Машҳад
Ҷавони буддоии аҳли кишвари Ҳинд дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад ба дини мубини Ислом мушарраф шуд ва номи Алиро барои худ баргузид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 10, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мусалмон шудани як ҷавони буддоӣ дар Машҳад

Ҷавони буддоии аҳли кишвари Ҳинд дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад ба дини мубини Ислом мушарраф шуд ва номи Алиро барои худ баргузид.

Ба гузориши ИРНА, ин ҷавони буддоӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а), зикри шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кард ва мусалмон шуд.

Аз сӯи мудирияти зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ ба ин ҷавони тозамусалмон ҳадоёе, аз ҷумла як ҷилд каломуллоҳи маҷид бо тарҷумаи англисӣ, китобҳои шинохти Ислом ва усули эътиқодот ба ҳамроҳи зиндагиномаи Имом Ризо (а) эъто шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки вай пеш аз ин буддоӣ буда ва мумкин аст бо эъломи мусалмон шуданаш дар кишвараш дучори мушкил шавад, аз зикри номи аслӣ ва дарҷи акс ӯ дар ин хабар худдорӣ шудааст.