Июл 11, 2019 09:38 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шурои ҳукком бидуни натиҷа барои Амрико поён ёфт

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена гуфт, нишасти вижаи Шурои ҳуккоми Ожони байналмилалии энержии атомӣ бидуни натиҷа барои Амрико поён ёфт.

Козим Ғарибободӣ  намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена бомдоди панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНО дар ташриҳи нишасти фавқулодаи Шурои ҳукком афзуд, дар ин нишаст ба ҷуз Амрико ва се муттаҳиди он яъне режими саҳюнистӣ, Аморот ва Арабистон дигар аъзои Шурои  ҳуккоми Ожони байналмилалии энержии атомӣ дар ҳимоят аз чандҷонибагароӣ ва ҳимоят аз БАРҶОМ  ва зарурати он ба унвони яке аз шохисҳои муҳимми чандҷонибагароӣ таъкид карданд.

Ғарибободӣ таъкид кард, тамомии кишварҳои ҳозир дар нишасти Шурои ҳукком, хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМро тақбиҳ ва эълом карданд Шурои  ҳуккоми Ожони байналмиллалии энержии атомӣ  макони муносибе барои баррасии мавзӯоти марбут ба иҷрои БАРҶОМ нест, чаро ки ин қабил мавзӯот дар зумраи мавзӯоти подмони (назоратӣ ва бозрасӣ)-и ожонс қарор намегиранд ва бояд дар чорчуби созукорҳои мушаххаси худ яъне Камиссиони муштараки БАРҶОМ маддиназар ва баррасӣ қарор гирад.

Намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена афзуд,  Амрико ба дунболи ин буд, ки дар ин мақтаъ аз Шурои ҳукком ба унвони як абзори сиёсӣ барои пешбурди аҳдофи сиёсии худ зидди Эрон истифода кунад, ки тавфиқе надошт.

Бу дунболи дархости Амрико барои баргузории нишасти фавқулодаи Шурои ҳуккоми Ожони байналмиллалии энержии атомӣ барои баррасии иқдомоти ахири Эрон дар коҳиши тааҳудоти барҷомии худ,  ин нишаст асри чаҳоршанбе дар мақарри ин созмон дар Вена пойтахти Австрия  баргузор шуд.