Июл 11, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таниш фақат бо поёни терроризми иқтисодӣ зидди мардуми Эрон хотима меёбад

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки дипломосии Эрон Амрикоро мунзавӣ кард, гуфт, таниш фақат аз тариқи тамом шудани терроризми иқтисодии Амрико зидди мардуми Эрон хотима пайдо мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Алмаёдин”, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, бо ишора ба сафари мушовири дипломатии раисиҷумҳури Фаронса ба Теҳрон афзуд, фаронсавиҳо талош мекунанд роҳкоре пайдо кунанд, ки таниш коҳиш пайдо бикунад дар ҳоле, ки дар шароити ҷанг иқтисодии кунунӣ, таниш фақат аз тариқи тамом шудани терроризми иқтисодии Амрико зидди мардум Эрон хотима пайдо мекунад.

Зариф гуфт, фаронсавиҳо талош мекунанд, Амрико таҳримҳоро канор бигузорад ва имкони поин овардани таниши вуҷуд дошта бошад, то чӣ мизон муваффақ бошанд бастагӣ дорад ба ин ки амрикоиҳо чиқадар ҳамроҳӣ кунанд. Вай дар бораи нишасти фавқулъодаи рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои баррасии иқдомоти ахири Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии худ, низ гуфт, амрикоиҳо дар як иқдоми музҳик иҷлоси Шӯрои ҳукомро ташкил доданд ва якбори дигар собит карданд, ки мунзавӣ ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, дипломосии Эрон тавониста Амрикоро дар дунё мунзавӣ кунад ва ин раванд идома хоҳад дошт.

Зариф иқдоми Англия дар тавқифи нафткаши Эронро низ дуздии дарёӣ донист ва гуфт, ин дуздии дарёӣ аз сӯи амрикоиҳо сурат гирифтааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба кишварҳои минтақаи ғарби Осиё низ гуфт, тундравҳои амрикоӣ ва режими саҳюнистӣ ҳеҷ гоҳ як сарбозашонро фидоии шумо нахоҳанд кард ва беҳтар аст, Иморот ва Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳӣ ва ҳамкории минтақаӣ баргарданд.

 

Барчасп