Озодии персонали нафткаши эронии тавқиф шуда дар Ҷабал Алториқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45107-Озодии_персонали_нафткаши_эронии_тавқиф_шуда_дар_Ҷабал_Алториқ
Мақомоти давлати маҳалии Ҷабал Алториқ рӯзи ҷумъа тамоми 4 персонали нафткаши эронии тавқифшуда дар обҳои ин минтақаро ба қайди замонат озод карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2019 07:17 Asia/Dushanbe
  • Озодии персонали нафткаши эронии тавқиф шуда дар Ҷабал Алториқ

Мақомоти давлати маҳалии Ҷабал Алториқ рӯзи ҷумъа тамоми 4 персонали нафткаши эронии тавқифшуда дар обҳои ин минтақаро ба қайди замонат озод карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нерӯи дарёии Британия,панҷшанбе 4 июл дар иқдоми ғайриқонунӣ  як нафткаши эронӣ ро дар тангаи Ҷабал Алториқ тавқиф кард.

Дар паи ин иқдоми ғайриқонунии нерӯи дарёии Англия, сафири ин кишвар дар Теҳрон, асри панҷшанбе 4 июл ба Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон эҳзор шуд.

Раиси идораи севвуми ғарби Аврупо Вазорати хориҷаи Эрон дар ҷараёни ин эҳзор, бо ғайри қобили қабул донистани ин иқдом ва ин,ки ҳасби иттилоъоти мавҷуд тавқифи ин нафткаш ба дархости Амрико сурат гирифтааст, хостори раҳосозии сариъи нафткаши мазбур шуд.

Дар ин эҳзор, мадракҳо ва мустанадоти марбут ба ин нафткаш ва маҳмулаи он,ки ҳикоят аз ҳаракати комилан қонунии нафткаш дорад дар ихтиёри сафири Англия қарор гирифт ва таъкид шуд, ҷумҳурии исломии Эрон, аз тамоми зарфиятҳои сиёсӣ ва қонунии худ барои раҳосозии ин кишти ва истифои ҳуқуқаш истифода хоҳад кард.

Дар ҳоле,ки Англия муддаъӣ шуда тавқифи ин кишти бо ҳадафи мумониъат аз нақзи таҳримҳои иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия анҷом гирифта, аммо давлати Исания,ки бар сари ҳокимият бар обҳои атрофи Ҷабал Алториқ бо Лондон ихтилоф дорад, дар баёния таъкид кард, Англия ин иқдом ро ба дархости Амрико анҷом додааст.

Амрико иддаъо кардааст ин нафткаш дар ҳоли ҳамли нафти хом барои Сурия будааст.

Амрико ва Исроил аз роҳзании дарёии Англия истиқбол кардаанд.