Июл 13, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани кумак‎ҳои ҷаҳонӣ ба селзадагони эронӣ

Раиси ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон гуфт, се миллион евро кумакҳои башардӯстонаи нақдии 20 кишвари ҷаҳон ба селзадагони эронӣ ба далели таҳримҳои золимона ва якҷонибаи Амрико то кунун вориди Эрон нашудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Пайвандӣ, раиси ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Хуррамобод (ғарби Эрон) афзуд, Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” ва 20 кишвари ҷаҳон кумакҳои ғайрнақдии худро дар замони сел ба Эрон ирсол карданд, ки ин кумак тақсим шудааст.

Пайвандӣ гуфт, бо ин ҳол се миллион евро кумакҳои нақдии ҷаҳонӣ ҳамчунон ба иллати баста будани ҳисобҳои Эрон, дар ихтиёри селзадагон қарор нагирифта ва дар ин замина аз тариқи муовини башардӯстонаи Созмони Милал ва раиси Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” пайгириҳое шудааст.

Боришҳои бесобиқаи марти соли 2019 ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон, хисорати молӣ ва ҷонии фаровон барҷой гузошт.

Дар пайи ин ҳодиса, Амрико ҳисобҳои “Ҳилоли Аҳмар”-и Эронро баст ва бо ин иқдом амалан кумакрасонӣ аз кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эронро қатъ ё бо ихтилол мувоҷеҳ кард.

 

Барчасп