Зариф: Эрон ба содироти нафти худ идома медиҳад
(last modified Sun, 14 Jul 2019 04:55:57 GMT )
Июл 14, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ба содироти нафти худ идома медиҳад

Вазири умури хориҷаи Эрон асри шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷереми Ҳант вазири умури хориҷаи Англия бо таъкид бар ғайриқонунӣ будани таҳримҳои нафтии Амрико таъкид кард, Эрон ба содироти нафти худ дар ҳар шароите идома хоҳад дод.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба мақсади қонунии нафткаши эронӣ дар шарқи Мадитарона афзуд, Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳамвора мухолифи иҷрои фаросарзаминии таҳримҳои Амрико будааст наметавонад худ ба чунин иқдоме мубодират варзад ва давлати Англия мебоист сариан нисбат ба поёни тавқифи ғайриқонунии нафткаши эронӣ тамҳидоти лозимро ба амал оварад.

Ҷереми Ҳант вазири умури хориҷаи Англия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар ҳаққи Эрон барои содироти нафти худ ва бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши танишҳо дар минтақа ибрози умедворӣ кард, натоиҷи баррасиҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ дар Ҷабалу Ториқ муҷиби раҳосозии ҳар чи зудтари нафткаши "Грис-1", ки ҳомили нафти Эрон буд шавад.

Неруи баҳрии Британия панҷшанбе 4 июл дар иқдоме ғайриқонунӣ як нафткаши эрониро дар тангаи Ҷабалу Ториқ тавқиф кард.

Дар ҳоле, ки Англия муддаӣ шуда тавқифи ин киштӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия анҷом гирифта, аммо давлати Спания, ки бар сари ҳокимият ба обҳои атрофи Ҷабалу Ториқ бо Лондон ихтилоф дорад дар баёнияе таъкид карда, ки Англия ин иқдомро ба дархости Амрико анҷом додааст.

Амрико иддао кардааст ин нафткаш дар ҳоли ҳамли нафти хом барои Сурия будааст.