Пухти бузургтарин кейки ҷаҳони ислом дар таваллуди имом Ризо (а)
Июл 14, 2019 13:27 Asia/Dushanbe
Бузургтарин кейки ҷаҳони ислом ба тули як километр ба муносибати таваллуди имом Ризо (а) дар Машҳад таҳия ва субҳи имрӯз дар байни зоирони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ тавзеъ шуд.
Ба нақл аз ИРНО, ин кейк ба ҳиммати 40 кейкпаз аз шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Обода, Караҷ, Ардабил, Табриз, Сова ва Машҳад пухта ва гулороӣ шудааст.
Пухт ва тавзеи кейк ба муносибати таваллуди имом Ризо (а) аз ҳафт соли гузашта то кунун дар Машҳад анҷом мешавад, ки аввалин сол ин кейк ба тули 72 метр пухта шуд ва имсол тули кейк ба як километр расид.
Ин кейк имрӯз миёни беш аз 150 ҳазор зоир дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ тавзеъ шуд.
Барчасп