Июл 14, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Паёми Амрико ба русҳо барои музокира бо Эрон дар сатҳи вузарои хориҷа кизб аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ҳеҷ музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.

Дар рӯзҳои гузашта бархе расонаҳо аз эҳтимоли гуфтугӯи Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии Русия хабар дода ва ин музокиротро байни вазирони умури хориҷа эълом карда буданд.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар хусуси иддаои паёми Амрико ба русҳо барои музокира бо Эрон дар сатҳи вузарои умури хориҷа, зимни такзиби ин хабарсозӣ изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.

Таи рӯзҳои гузашта бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз эҳтимоли гуфтугӯи Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии Русия хабар дода ва ин музокиротро байни вузарои умури хориҷа эълом карда буданд.

Барчасп