Июл 14, 2019 20:05 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои куштии озоди ҷавонони Осиё

Тими куштии озоди ҷавонони Эрон бо касби 6 медали тилло, як нуқра ва як бронза қаҳрамони рақобатҳои куштии озоди ҷавонони Осиё шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, рақобатҳои куштии озоди ҷавонони қаҳрамонии Осиё, рӯзҳои 13 ва 14 июл дар шаҳри Чонбурии Таиланд баргузор шуд ва дар поён тими Эрон бо касби 201 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид.

Пас аз Эрон тимҳои Ҷопон ва Ҳиндустон ба тартиби 149 ва 129 имтиёз дуввум ва севвум шуданд.

Пас аз ин тими куштии фарангии ҷавонони Эрон бо 7 медали тилло, як нуқра ва як бронза ва бо касби 218 имтиёз бо иқтидор қаҳрамон шуд.

Барчасп