Июл 14, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Рабиӣ: Амнияти оброҳҳои минтақаро кишварҳои минтақа таъмин мекунанд

Сухангӯи давлати Эрон бо интиқод аз тасмими Англия барои эъзоми нов ба оброҳҳои минтақаи ғарби Осиё гуфт: Амнияти оброҳҳои минтақаро кишварҳои минтақа таъмин хоҳанд кард.

Ба гузориши  ИРНА, Алии Рабиӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: Инглисиҳо ба ҷои фиристодани нов ба минтақа бигзоранд амнияти минтақа тавассути кишварҳои минтақа идора шавад,зеро дар ин сурат амнияти оброҳҳои минтақа ба шакли беҳтаре иҷро хоҳад шуд.

Рабиӣ дар бораи тавқифи нафткаши эронӣ дар тангаи  Ҷабалутториқ (марзи байни Африқо ва Аврупо) тавассути низомиёни Англия гуфт: Эрон иқдомоти ҳуқуқии лозимро дар бораи нафтткаши эронӣ, ки ба гаравгонии нерӯҳои низомии Англия даромада буд, пайгирӣ мекунад.