Июл 15, 2019 10:55 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ;амрикоиҳо нигарони таъсиргузории Зариф бар афкори умумии ҷаҳон ҳастанд

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вазири хориҷаи Амрико дар бораи маҳдудияти вазири хориҷаи Эрон дар сафар ба Ню- Йорк гуфт;амрикоиҳо нигарони таъсиргузории сафарҳои кории вазири умури хориҷаи Эрон бар афкори умумии Амрико ва ҷаҳон ҳастанд.

Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико дирӯз ( якшанбе ) дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Вашингтон пуст гуфт, Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон барои фаъолиятҳои худ ба Созмони Милалл хоҳад омад аммо таҳарукоташ ба шиддат коҳиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи Пампео Зариф танҳо метавонад байни мақари Созмони Милалли Муттаҳид ва шаш чор роҳи наздики маҳалли иқомати намояндаи Эрон тарадуд дошта бошад.

Саидаббоси Мусавӣ шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА дар хусуси эъломи маҳдудият барои вазири умури хориҷаи Эрон дар сафари корӣ ба Ню- Йорк, афзуд; эъмоли маҳдудияти ҳузур дар бархе хиёбонҳои Ню-ЙоркК таъсире дар барномаҳои кории вазири хориҷаи Эрон надорад.

Мусавӣ тасриҳ кард; Зариф маъмулан дар мақари Созмони Милалли Муттаҳид ва намояндагии доими Эрон дар рафт ва омад аст ва ҳамаи дидорҳо, мусоҳибаҳо ва суханрониҳои худро дар ҳамин маконҳо анҷом медиҳад.

Вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти Шӯрои иқтисодӣ- иҷтимоии Созмони Милалли Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кардааст ва таъкид дорад,ки тамоми мулоқотҳо ва дидорҳои дуҷониба дар чорчуби барномаҳои Созмони Милалли Муттаҳид тароҳӣ шудааст.

Амрико ва Созмони Миллали Муттаҳид тавофуқномае доранд,ки ба муҷиби он бояд барои дипламатҳои хориҷӣ шароити ҳузур дар Ню-Йорк фароҳам шавад.