Июл 17, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ба фурӯпошии минтақа мунҷар мешавад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия сешанбе ҳушдодр дод, ки ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ба фурӯпошии минтақа мунҷар хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи мухотироти ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ҳушдор дод.

Вай, ки бо радиои русии "Комсомольская правда" гуфтугӯ мекард, афзуд: Пешбинӣ дар бораи натоиҷи сенарияи истифода аз ҷанг алайҳи Эрон ҳатто барои касоне, ки коршиноси масоили сиёсӣ нестанд ҳам осон аст.

Захарова бо баёни ин, ки минтақа ҳамчунон бо мушкилоти ношӣ аз таҳаввулот ва рӯйдодҳои Ливия, Сурия ва Яман дасту панҷа нарм мекунад, афзуд: Бадеҳӣ аст, ки иҷрои сенарияи низомӣ алайҳи Эрон боиси фурӯпошии минтақа мешавад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт: Ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун роҳе барои бозгашти субот ва амният ба минтақаи Ховари Миёна пайдо накардааст ва ин танишҳои кунунии минтақа барои ҳамагон нигаронкунанда аст.

 

Барчасп