Зариф; Эрон таслим намешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45228-Зариф_Эрон_таслим_намешавад
Вазири хориҷаи Эрон бо террористӣ хондани сиёсатҳои таҳримии Кохи Сафед зидди мардуми Эрон,гуфт; Эрон бо террористҳо музокира намекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 18, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Зариф; Эрон таслим намешавад

Вазири хориҷаи Эрон бо террористӣ хондани сиёсатҳои таҳримии Кохи Сафед зидди мардуми Эрон,гуфт; Эрон бо террористҳо музокира намекунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, рӯзи чоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Ню Йорк, бо баёни ин,ки ҷанги иқтисодии Амрико, низомиён ё мақомоти Эронро ҳадаф қарор надода,балки шаҳрвандони маъмулиро ҳадаф қарор додааст, тасриҳ кард, ин иқдоми террjристӣ аст,чаро,ки террjризм мардумро ҳадаф қарор медиҳад то тарҳи сиёсии худро пеш бубарад.

Таҳрим ва фишор сиёсати ҳамешагии Амрико алайҳи миллати Эрон  пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ будааст. Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ ва айният ёфтани ҳувияти эронӣ ва истиқлолхоҳии миллати Эрон, амалан манофеъи Амрико дар Эрон аз байн рафт.Ҳамин масала сабаб шуд давлатҳои мухталиф дар Амрико бо ибрози таҳрим ва тавтиъа,талош кунанд сиёсати миллат ва давлати Эронро тағийр диҳанд.

Дар ҳамин замина ; Козим Ғарибободӣ,намояндаи Эрон назди Созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Венаи Атриш, таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро нақзи қавонини байналмиллалӣ донист ва гуфт; Амрико дар хатти муқадами рафторҳои ғайриқонунӣ қарор дорад ва аз таҳрим ба унвони абзоре барои тағийри сиёсати кишварҳои дигар истифода мекунад.

Идрис Ҷазоирӣ гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милалли Муттаҳид ҳам бо интиқод аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон, ин таҳримҳоро муҳосираи ғайри қонунӣ ва интиқоми ҷамъӣ хонд,ки ҳар ду муғойири қавонини байналмиллалии башардӯстона аст.

Миллати Эрон дар 40 соли гузашта ҳамвора бо иттико ба ҳувияти эронӣ ва худиттикоӣ дар масири пешрафт гом бардошта ва имрӯз Эрон дар бештари арсаҳо мувафақиятҳои бузургеро касб кардааст.

Мувафақиятҳои Эрон,ки дар натиҷаи истодагӣ ва муқовимат дар баробари душманон рақам хурда,ба сиёсати мавриди қабули дигар миллатҳои озодаи ҷаҳон қарор гирифтааст ва решаи душманӣ ва хусумати Амрико бо миллати Эронро бояд дар ҳамин чорчуб арзёбӣ кард.

Истиқлолхоҳӣ ва вобаста набудан ба қудратҳои султагар,манифист (Баённомаи ) Инқилоби исломӣ аст,ки имрӯз пас аз 40 сол дурахшандагӣ вориди даҳаи панҷуми худ шудааст.

Ба ҳар андоза,ки миллати Эрон дар масири мувафақият гом бардошта, Амрико ба ҳамон андоза таҳримҳоеро зидди ин миллат эъмол кардааст аммо сиёсати усулии Эрон бинобар Инқилоби исломӣ тағийр накардааст.

Таҷрибаи 40 соли истодагии миллати Эрон ба хубӣ собит карда,ки миллати Эрон таҳти ҳеҷ шароите таслими давлатмардони амрикоӣ намешавад; ҳатто агар давлате монанди давлати Доналд Трамп терроризми иқтисодиро дар баробари миллати Эрон ба кор гирифта бошад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо фишори ҳадди аксарӣ ва таҳдид талош дорад, Эронро ба пои мизи музокира бикашонад аммо Эрон бо муқовимати ҳаддиаксарии ин сиёсати Амрикоро бо шикаст рӯ ба рӯ кардааст.

Таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи миллати Эрон дар беш аз як соли гузашта агарчи сахттарин навъи таҳримҳо будааст аммо сиёсати таҳримии Кохи Сафед бо терраризми иқтисодӣ наметавонад,хобе,ки барои миллат ва давлати Эрон диданд, таъбир кунанд.

Ҳамон тавре,ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ таъкид карданд; миллати Эрон дар ҳамин таҳримҳои золимона, мазлум воқеъ шуда лекин заиф нест, муқтадир аст,ба фазли иллоҳӣ,миллати Эрон бо қуват ва иқтидор, худашро ба ҳамаи мақосиде,ки тарсим кардааст хоҳад расонд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

,