Тавқифи як нафткаш тавассути сипоҳ дар наздикии тангаи Ҳурмуз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45239-Тавқифи_як_нафткаш_тавассути_сипоҳ_дар_наздикии_тангаи_Ҳурмуз
Гаштҳои шиновари Сипоҳи посдорон, киштии хориҷии ҳомили як миллион литр сӯхти қочоқро дар ҷануби ҷазираи Лорк дар Халиҷи Форс тавқиф карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 18, 2019 16:18 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи як нафткаш тавассути сипоҳ дар наздикии тангаи Ҳурмуз

Гаштҳои шиновари Сипоҳи посдорон, киштии хориҷии ҳомили як миллион литр сӯхти қочоқро дар ҷануби ҷазираи Лорк дар Халиҷи Форс тавқиф карданд.

Ба гузориши равобитумумии минтақаи якуми дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе эълом кард, тайи амалиёти расад ва контроли тараддудҳои шиноварӣ дар Халиҷи Форс ба манзури кашф ва муқобила бо қочоқи созмон ёфта дар рӯзи якшанбеи гузашта, гаштҳои шиноварии минтақаи якуми дарёии сипоҳ дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз пас аз итминон аз ҳамли қочоқи сӯхт тавассути яке аз киштиҳои хориҷӣ дар иқдоме ғофилгиркунанда ин киштиро, ки ҳомили якмиллион литр сӯхти қочоқ будро пас аз ҳамоҳангӣ ва ҳукми мароҷеи қазоӣ, дар ҷануби ҷазираи Лорк тавқиф карданд.

Дар ин иттилоия афзуда шудааст, ин киштӣ, ки зарфияти ҳамл 2 миллион литр сӯхтро дорад бо 12 хадамаи хориҷӣ дар ҳоли азимат барои таҳвили сӯхти қочоқи дарёфтӣ аз лунҷҳои эронӣ ба киштиҳои бегона дар манотиқи дуртар буд, ки бо ҳушмандии размандагони неруи дарёи сипоҳ ноком монд.

Равобит умуми минтақаи якуми неруи дарёии сипоҳ дар поён бо такзиби иддаои расонаҳои ғарбӣ мабни бар тавқифи киштии дигаре дар рӯзҳои ахир тавассути Эрон ва ишора ба ин ки парвандаи тахаллуфи киштии ҳомили сӯхти қочоқ дар мароҳили расидагии қазоӣ қарор дорад, таъкид кардааст, ягонҳои шиновари ин минтақа тибқи риволи ҷорӣ бо ишрофи иттилоотии ҳамаҷониба, маъмуриятҳои амниятӣ ва муқобила бо қочоқи созмонёфтаи сӯхтро бо қотеъият ва ҳушмандиро ба таври шабонарӯзӣ иҷро ва дар сиёнат аз манофеъ ва сармояҳои миллати Эрон, лаҳзае диранг намекунанд.