Сафари Зариф ба Каракас
Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе пас аз поёни сафари кории худ дар Ню-Йорк барои ширкат дар нишасти вазирони Дафтари ҳамоҳангии Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо вориди Каракас пойтахти Венесуэла шуд.
Нишасти вазирони Дафтари ҳамоҳангии Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо бо унвони тарвиҷ ва тасбити сулҳ аз тариқи эҳтиром ба ҳуқуқи байналмиллал ба мизбонии Венесуэла дар Каракас баргузор мешавад.
Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар соли 1961 дар авҷи ҷанги сард байни ду қутби шарқу ғарб дар Белград пойтахти Югославия таъсис шуд.
Дар ҳоли ҳозир 120 кишвари ҷаҳон яъне наздик ба ду севвуми аъзои Созмони Миллали Муттаҳид ва 55 дарсади ҷамъияти дунёро Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо ташкил медиҳанд. Ин маҷмуаи бузурги билқувва метавонад дар маҷомеи байналмиллалӣ нақши муҳимме ифо кунад.
Илова бар ҷанбаи сиёсӣ ба лиҳози иқтисодӣ низ Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо ташкилоте қудратманд аст, ки метавонад дар шаклгирии қутбҳои минтақаӣ таъсиргузор бошад.
Абулқосими Қосимзода нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ёддоште дар ин замина менависад, дар ҳоли ҳозир паймонҳои созмонҳо бо иттиҳодияҳои гузашта дар ростои паймонҳои минтақаии кишварҳо мешаванд. Агар ду минтақаи ғарбу шарқи Осиёро дар назар дошта бошед, дар шарқи Осиё паймонҳои минтақаии қудратманде шакл гирифтааст, ки бар таҳаввулоти иқтисодӣ ва тавсеаи меҳвари кишварҳои ин минтақа таъсири ҳамаҷониба ва қавӣ доранд. Дар ҳоле, ки дар ғарби Осиё бо вуҷуди буҳронҳо ва ҷангҳо ҳануз кишварҳои ин минтақа вориди инсиҷоми минтақаӣ аз тариқи паймонҳои минтақаӣ нашудаанд.
Иҷлоси ғайримутааҳидҳо дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар муносиботи минтақаӣ тамоюлоти мудохилаҷӯёнаи низомӣ ва султаталабӣ ру ба фузунӣ аст. Гароиш ба қутббандиҳои низомӣ ба ҷои қутббандиҳои иқтисодӣ ҳамчунон дар зеҳният ва рафтори бархе аз кишварҳои минтақа ғалаба дорад.
Таҳти таъсири ин тафакурот ва рафторҳо дар солҳои ахир ҳодисаҳои бисёр ногуворе дар ғарби Осиё руйдода, ки натиҷаи сиёсатҳои якҷониба ва тамаъварзиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ барои фуруши ҳар чи бештари силоҳ будааст.
Ин раванд сабаби роҳандозии ҷангҳо ва ташдиди мунозиот, афзоиши хушунат ва эҷоди тафриқа ва вогароӣ дар муносибот миёни кишварҳои минтақа шудааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон бархилофи тасвирсозиҳои дуруғин аз сӯи Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ҳеҷгоҳ дар тақобул бо сулҳи ҷаҳонӣ набудааст.
Раиси ҷумҳури Эрон дар шасту ҳаштумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид "Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгарои"-ро матраҳ кард, ки мунҷар ба тасвиби ду қатъномаи иҷтимоӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 2013 ва 2015 шуд.
Акнун низ Эрон гуфтугӯ ва музокираро беҳтарин роҳи ҳалли мунозиоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ медонад. Эрон аммо гуфтугӯ бар мабнои зӯр ва музокира бо касоне, ки терроризми иқтисодиро бар миллати Эрон таҳмил кардаанд намепазирад.
Бетардид таҳаққуқи аҳдофе ҳамчун зиндагӣ дар сулҳ ва оромиш ва амният ва бархурдорӣ аз ҳаққи тавсеа ва пешрафти илмӣ ва баҳрамандӣ бидуни коршиканӣ аз фаолиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳаққи доштани сарзамин ва бозгашт ба сарзамини модарӣ барои миллати мазлуми Фаластин ба ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ ниёзманд аст.
Аз нигоҳи Эрон Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо ба рағми бархе костиҳо ва заъфҳо дар миёни бархе аъзо ҳамчунон аз зарфиятҳои қобли таваҷҷуҳе барои пешбурди аҳдофи худ бархурдор аст. Таҳавулоти ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳузури ғайримутааҳидҳо дар арсаи таҳаввулоти ҷаҳонӣ ба вижа дар ҷиҳати тақвияти сулҳ ва амният ва дифои ҳақиқӣ аз ҳуқуқи миллатҳо дар муқобили низоми султа зарурӣ аст.
Аз ин дидгоҳ ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти ғайримутааҳидҳо фурсате барои баёни дидгоҳҳои Эрон дар бораи аҳамияти нақши ғайримутааҳидҳо дар баробари сулҳу амнияти ҷаҳонӣ аст.