Зариф: Амрико сулҳ ва суботи ҷаҳониро таҳдид мекунад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, мавҷи нави моҷароҷӯии якҷонибагароёнаи Амрико дар ҳоли тазъифи ҳокимияти қонун дар сатҳи байналмиллалӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар Каракас пойтахти Венесуэла тасреҳ кард, ҳамкории байналмиллалӣ дар бисёре аз заминаҳо аз ҷумла тиҷорати озод, муҳити зист, ҳокимияти қонун, созмонҳои байналмиллалӣ ва мавориде бештар ба гунае бесобиқа дар ҳоли садама дидан аст.
Зариф бо ёдоварии натоиҷи фоҷеаомези мавҷи қаблии якҷонибагароии Амрико дар аввалҳои даҳаи 2000 шомили ишғолгариҳо, бераҳмиҳо ва ифротгароии хашин, бар муқобила бо мавҷи нави якҷонибагароёнаи Амрико таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки бисёре аз муттаҳидони Амрико дар маърази сиёсати бесобиқаи мудохила дар умури дохилии худ қарор доранд афзуд, Амрико дар талош барои аз байн бурдани тавофуқи БАРҶОМ на танҳо қатъномаҳои Шурои амниятро нақз кардааст балки кишварҳоеро таҳрим кардааст, ки мондан дар ин тавофуқро зарурӣ медонанд.
Зариф бо таъкид бар инки Эрон дар хатти муқаддами ҷабҳаи муқовимат дар баробари тамоюлоти якҷонибагароёнаи нави Амрико истодааст гуфт, дахолати фоҳиши Амрико дар умури дохилии Венесуэла аз ҷумла аз тариқи доман задан ба кудатои низомӣ дар моҳи апрели гузашта намунае дигар аз рафтори бадхоҳонаи Амрико аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки таҳрикоти ғайриқонунии Амрико дар ҳоли ташдиди бесуботӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст, таъкид кард, бархе режимҳои араб, ки бо тарҳҳои тавтеаомези Амрико зиддимардуми Фаластин ҳамроҳӣ мекунанд на танҳо ба фаластиниён хиёнат мекунанд балки сулҳ ва амнияти саросари минтақаро маърази таҳдид қарор додаанд.