Ғанисозии уран – ҳаққи хадшанопазири Эрон дар чорчӯби БарҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45309-Ғанисозии_уран_ҳаққи_хадшанопазири_Эрон_дар_чорчӯби_БарҶОМ
 "Коҳиши зина ба зинаи тааҳҳудоти барҷомӣ танҳо масири мувоҷеҳа бо кишваре аст, ки пазириши ҳар гуна тааҳҳудро барнаметобад".
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 21, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Ғанисозии уран – ҳаққи хадшанопазири Эрон дар чорчӯби БарҶОМ

 "Коҳиши зина ба зинаи тааҳҳудоти барҷомӣ танҳо масири мувоҷеҳа бо кишваре аст, ки пазириши ҳар гуна тааҳҳудро барнаметобад".

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи шанбе дар вокуниш ба изҳороти Ҷон Болтон дар нафйи ҳаққи ғанисозии Эрон бо таъкид бар идомаи раванди коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон тасреҳ кард, изҳороти мушовири амнияти миллии Кохи Сафед фоқиди ҳар гуна арзиш ва эътибори ҳуқуқӣ аст. Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” навишт: «Бузургтарин иштибоҳи тавофуқи ҳастаӣ додани муҷаввизи ғанисозӣ ба Эрон будааст. Эрон аслан набояд ғанисозӣ кунад. Фишори ҳаддиаксарӣ то замоне ки Эрон аз рафторҳои хасмона ва ҷоҳталабиҳои ҳастаии худ даст бикашад, идома хоҳад дошт».

Эрон 8-уми майи соли 2019, як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва дар вокуниш ба имрӯзу фардо кардани се кишвари аврупоӣ барои ҷуброни оқибати иқтисодии хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36, коҳиш медиҳад. Эрон 60 рӯз ба тарафҳои боқимонда дар БарҶОМ фурсат дода буд, то тааҳҳудоти худ, бавижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд. Адами пойбандӣ ба сақфи 300-килограммии захираи уран ва афзоиши сатҳи ғанисозӣ ба беш аз 3.67 дарсад аз тасмимоти Эрон дар ин ҷиҳат будааст.

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” суханони Трамп дар бораи ғанисозии сифрро такрори иштибоҳи пешиниёни Амрико донист, ки боиси афзоиши ғанисозии ҳастаӣ Эрон шуд. Зариф хотирнишон кард, касоне, ки ин ҳарфҳои бемавридро ба Трамп мезананд, бояд бигӯянд, ки пеш аз ин, дар авоили даҳаи 80, ки мабоҳиси сиёсати ғанисозии сифрро матраҳ карданд ва монеъ аз тавофуқи Эрону Иттиҳоди Аврупо шуданд, боис шуданд, ки сатҳу мизони ғанисозии Эрон беш аз 100 баробар шавад.

Аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаққи ғанисозии уран барои масорифи сулҳомез бархурдор аст ва ожонс низ пайваста дар гузоришҳои муназзаму фаслии худ барномаҳои ҳастаии Эронро сулҳҷӯёна эълом кардааст. Дастовардҳои илмӣ ва фанноварии ҳастаӣ, аз ҷумла ғанисозии уран барои масорифи сулҳомез дар инҳисори кишвари хосе нест ва набояд василаи боҷхоҳӣ ё эҷоди султа бошад. Баҳрабардорӣ аз энержии ҳастаӣ барои мақосиди сулҳомез, тибқи моддаи 4-и NPT, ғайри қобили тардид аст.

Изҳороти Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ёдовари ин нуктаи ҳуқуқӣ ва ҳаққи ба расмият шинохташуда аст. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки ғанисозии уран барои масорифи сулҳомез ҳаққи ҳама кишварҳоест, ки узви NPT ҳастанд ва қобили салб ё эъто нест, хотирнишон кард, ки пазириши ҳаққи қонунии Эрон барои ғанисозии уран аз сӯйи Амрико шарти вуруди Теҳрон ба музокироти ҳастаӣ буд. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ин ки кишварҳои узви “Панҷ ба илова як” дар БарҶОМ бар ҳаққи қонунии Эрон барои доштани ғанисозии уран сиҳҳат гузоштанд, гуфт, қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳаққи ғанисозии Эронро табдил ба санади байналмилалӣ ва илзомовар барои кишварҳои ҷаҳон кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба ниёзи рӯзафзун ба энержӣ барои ҷамъияти рӯ ба рушд ва ҷавонаш монанди ҳар кишвари дигари узви Муоҳидаи манъи густариши сиҳолӣ ҳастаӣ бар асоси моддаи 4-и он амал мекунад. Эрон дар хусуси ҳаққи ғайри қобили инкори кишварҳои узв барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ иқдом ба барномарезӣ ва фаъолият дар заминаи баҳрабардории сулҳомез аз энержии ҳастаӣ кардааст. Дар ин росто Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бар тааҳҳудоти худ тибқи муоҳидаи мазкур ва бар асосномаи ожонс поибанд буда, ҳеҷ гоҳ фаъолияти мамнӯъшудае анҷом надодааст. Лизо ҳуқуқи ғайри қобили инкори Эрон, тибқи NPT, ҳеҷ гоҳ наметавонад мавриди хадша қарор гирад.