Июл 24, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди як навзод дар метрои Теҳрон

Дар рӯйдоде ҷолиб як навзоди духтар субҳи имрӯз - чоршанбе дар хатти як метрои Теҳрон мутаваллид шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Соати 8:15 даққиқаи имрӯз дар Теҳрон бонуе бордор, ка ба ҳамроҳии ҳамсараш дар ҳоли истифода аз метро буданд, ба иллати дарди зоюмон маҷбур шуд дар миёнаи роҳ аз қатор пиёда шавад.

Бо ҳамоҳангӣ ва кӯмаки коркунони метро, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ дар истгоҳи метро ҳузур ёфтанд ва ин зани бордорро ба яке аз утоқҳои истгоҳи метро мунтақил карданд ва духтари кӯчак дар ҳамон истгоҳ ба дунё омад.