Ҳалокати чанд террарист дар ғарби Эрон
(last modified Sat, 27 Jul 2019 06:19:53 GMT )
Июл 27, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати чанд террарист дар ғарби Эрон

Робитаҳои умумии қароргоҳи Ҳамза Сайидушуҳадо (а) нерӯи заминии сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ аз ҳалокати чанд террарист дар ғарби Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии садои Хуросон, равобиити умумии қароргоҳи Ҳамза Сайидушуҳадо (а) нерӯи заминии сипоҳи Посдорони  Инқилоби исломӣ дар иттилооте эълом кард; бар асари даргирии рӯзи ҷумъа марздорони сипоҳи Байтулмуқадаси Курдистони Эрон бо як тим аз гурӯҳакҳои терраристӣ  дар минтақаи  Daleh Marz Делиҳ Марзи Сарвобод, теъдоде аз аносири ин гурӯҳак кушта ва захмӣ ва теъдоде ҳам гурехтанд,ки нерӯҳои сипоҳ дар таъқиби онон ҳастанд.

Ин  иттилоия меафзояд; дар ин даргирӣ миқдори қобили таваҷуҳе силоҳ ва муҳимот ва васоили иртиботӣ низ тавассути нерӯҳои сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ кашф ва забт шуд.

Дар идомаи иттилоияи равобити умумии қароргоҳи Ҳамза Сйидушуҳадо (а) нерӯи заминии сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ омадааст; дар ин даргирӣ яке аз нерӯҳои сипоҳи Байтулмуқадас низ захмӣ шуд,ки дар ҳини интиқол ба бемористон ба шаҳодат расид.