Июл 27, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Оғози сухтгирии ду киштии эронӣ дар Бразилия баъд аз ду моҳ

Ду киштии бории Тарма ва Бованд, ки ҳомили бор ба мизони 66 ва 50 ҳазор тон ҳастанд сухтгирӣ дар обҳои Бразиляро оғоз карданд.

Ба нақл аз ИРНА, ин ду киштӣ ба иллати таҳримҳои Амрико ва имтиноъи ширкати давлатии Петруброси Бразилия аз сухтдиҳӣ,ҳудуди ду моҳ дар бандари Пороногуо лангар андохта буданд,ки бо пайгириҳои фаннӣ ва ҳуқуқии ширкати киштиронии Сафирони Паёми дарёи ( Сапед ) сухтгирии худро оғоз карданд.

Ин киштиҳо мутаалиқ ба ширкати киштиронии Сафирони Паёми дарёи ( сафед )  ҳастанд.

Ин ду кишти ду моҳ пеш маҳмулаҳоеро аз Эрон ба Бразилия ҳамл карда буданд.

Ин киштиҳо пас аз сухтгирӣ бандари Пороногуо и Бразилияро тарк хоҳанд кард.