Июл 27, 2019 13:44 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Уммон бо Зариф

Юусуф бин Алавӣ вазири умури хориҷаи Уммон бо Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, сафари вазири умури хориҷаи Уммон ба Эрон дар чорчуби робитаҳои дуҷониба ва машваратҳои мустамари ду кишвар ва бо ҳадафи табодули назар дар бораи таҳавулоти ахири минтақа ва байналмиллалӣ сурат гирифтааст.

 Вазири умури хориҷаи Уммон 20 маи 2019 низ дар Теҳрон бо Муҳаммад Ҷавод Зариф раиси дастгоҳи дипламатии Эрон дидор ва дар бораи робитаҳои дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар кард.