Июл 27, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ройзанӣ дар бораи таҳаввулоти минтақа, меҳвари музокироти вазирони хориҷаи Эрон ва Уммон

Вазирони хориҷаи Эрон ва Уммон имрӯз (шанбе) дар Теҳрон дар бораи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмиллалӣ дидор ва гуфтугӯ мекунанд.

Юсуф бин Алавӣ вазири умури хориҷаи Уммон, дар ҷаҳони араб ба ақлоният ва эътидол дар ру ба ру шудан бо ҷараёноти мухталифи минтақаӣ маъруф ва шинохта шудааст, ки ба диққат шароит ва таҳаввулоти минтақаро расад ва мутаносиб бо он иқдомоти худро дар ҷиҳати ҳифзи субот дар минтақа танзим мекунад.

Вазири умури хориҷаи Уммон дар фароянди гуфтугӯҳои ҳастаӣ ва шаклгирии БарҶом ба хубӣ ифои нақш кард ва пас аз он низ ҳамвора яке аз тарафи машварати Эрон дар заминаи масоили минтақаӣ будааст. Дар ҳамин чорчуб рафту омадҳои мустамаре байни ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар сурат гирифтааст.

Вазири умури хориҷаи Уммон пеш аз ин низ дар 20 майи 2019 ба Теҳрон омад ва дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи равобити дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар кард.

Дар воқеъ метавон гуфт, ки Уммон яке аз кишварҳои ҳамсоя мавриди эътимод ва тарафҳои гуфтугӯ ва табодули назар бо Эрон дар бораи таҳаввулоти минтақа ба ҳисоб меояд.

Ваҳиди Сулукӣ коршиноси масоили байналмиллал дар маркази байналмиллалии мутолиоти сулҳи IPSC муътақид аст сиёсати хориҷии Уммон арсаи таомулот, депломасӣ ва дифоъ аз манофеи миллии кишварҳост. Вай гуфт, дар ин чорчуби усули сиёсати хориҷии Уммон бар мабнои истиқлол, эҳтиром ба тамомияти арзии ҳамсоягон, бетарафӣ ва таомул бо кишварҳои ҳамҷавор, ҳузур дар созмонҳо ва эътилофҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар ҷиҳати муаррифӣ ва тақвияти сиёсати хориҷии худ ва дар солҳои ахир ифои нақши миёнҷигарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ будааст.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, навъи гуфтумони Уммон дар муҳити байналмиллал ба вижа дар баробари сиёсатҳои минтақаии Эрон воқеъгароёна будааст.

Ба иборате дигар Уммон дар сиёсати хориҷии худ аз сиёсати мувозинаи мусбат баҳра бурда ва ин яке аз далелҳоест, ки сабаб шудааст ин кишвар аз ҷойгоҳе вижа дар таомулот ва сиёсати хориҷӣ бархурдор шавад. Дар канори ин нақши мусбат метавон  муалифаи муҳимми дигареро низ ба унвони ҳалқаи пайванд дар равобити Эрон ва Уммон мавриди таъкид қарор дод. Ин муаллифа зарфияти геополотик аст, ки барои ду кишвар бо дар ихтиёр доштани гулӯгоҳи Ҳурмуз фароҳам шудааст. Дар як арзёбии куллӣ аз равобити ду кишвар аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки наздикии ҷуғрофиёии Эрон ва Уммон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва аҳамияти геополотикӣ ва геостратегии минтақа, Эрон ва Уммонро ба доштани равобити ҳасана бо якдигар тарғиб кардааст.

Теҳрон ва Москат бо истифода аз ин зарифият метавонанд бо баҳрабардории мусбат дар гуфтугӯҳо ва таомул бо якдигар иқдом кунанд. Ба вижа он ки Уммон нишон дода, ки бархилофи Арабистон на танҳо Эронро як таҳдид намедонад, балки Эронро омили эҷоди субот дар минтақа қаламдод кардааст.

Дар ҷараёни хуруҷи Амрико аз БарҶом низ Уммон бо шуруи дубораи таҳримҳои Амрико на танҳо аз иҷрои таҳримҳо худдорӣ карда, балки дар ҷиҳати афзоиши муносибот бо Эрон гом бардоштааст. Лизо таи як соли гузашта нақши Уммон беш аз гузашта матраҳ ва ба далели таомул ва ҳимоят аз Эрон бо масоили бисёре дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ ру ба ру шудааст.

Шавоҳид нишон медиҳанд, ки дар чашмандози оянда низ Москат талош мекунад, то бетарафии худро ҳамчунон ҳифз ва нақше мусбат дар ҳалли буҳронҳои минтақаӣ ифо кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба маҷмуаи ин муаллифаҳо бояд гуфт музокироти имрӯзи вазирони хориҷаи Эрон ва Уммон дар Теҳрон як фурсати сиёсӣ ба ҷиҳати афзоиши заминаҳои мубодилоти тиҷорӣ ва манофеи мутақобили иқтисодӣ аст.