Оғози нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена
Нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар сатҳи муовинон ва мудирони сиёсии Эрон, гурӯҳи 4+1 ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Вена оғоз шуд.
Дар нишасти имрӯзи якшанбеи Комиссияи муштараки БАРҶОМ, ки дар меҳмонхонаи Коборги Вена, пойтахти Австрия баргузор мешавад, Сайид Аббоси Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва Ҳелга Шмидт, муовини Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доранд.
Иттиҳодияи Аврупо пештар дар баёнияе эълом кард: Дар ин нишаст, ки ба дархости Фаронса, Олмон, Британия ва Эрон баргузор мешавад, масоили гуногуни муртабит бо тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аз ҷанбаҳои гуногун баррасӣ хоҳад шуд.
Пеш аз оғози ин нишаст, дидорҳои дуҷониба ва чандҷонибаи миёни аъзои ин нишаст баргузор шуд.
Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия ва сарпарасти ҳайъати русӣ дар нишасти Вена дар твите навишт: Машваратҳои аввалияи ширкаткунандагон дар нишасти Кумитаи муштараки БАРҶОМ дар Вена анҷом шудааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи соли 2019 як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва тааллул ва бадаҳдии аврупоиҳо дар амал ба тааҳҳудоти худ ва ҷуброни табаоти иқтисодии хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ барои Эрон, бахше аз тааҳҳудоти ҳастаии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ муаллақ ва аз 7 июл фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3, 67 дарсади уранро оғоз кард.